Ҷоми раиси AFC: «Ал-Аммарӣ» - «Балкан» 2:1

Сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2012 дар гурӯҳи «С” рӯзи 5-уми май дар шаҳри Душанбе бо бозӣ миёни тимҳои “Ал-Аммарӣ”-и Фаластин ва “Балкан”-и Туркманистон оғоз ёфт.
Бозии қаҳрамонҳои Фаластину Туркманистон, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳузури 2 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи «Ал-Аммарӣ” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 23-юм Қаҳрамонбердӣ Чонкаев, бозигари "Балкан" кушод. Дар дақиқаи 59-ум Малӣ Каварӣ, капитани фаластиниҳо, ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Аҳмад Кешкеш дар дақиқаи 90+2 ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт ки дар нимаи дуввуми бозӣ шумораи футболбозони "Балкан" як нафар кам шуд. Зеро ки сардовари бозӣ Хуррам Шаҳзод (Покистон) ҳамлагари туркманҳо Амир Қурбониро барои корти дувуми зард дар дақиқаи 45+2 аз майдон хориҷ кард.

Амонмурод Муродов, сармураббии дастаи "Балкан", дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: “Бо вуҷуди бохт ман аз ҳунарнамоии бозигарони дастаам қанотмандам. Дар нимаи дувуми дидор мо даҳ нафар бозӣ кардем. Ман аз ҳакамии сардовар ҳайратзада шудам. Зеро ки ӯ бозигари моро бе ҳеҷ асос аз майдон хориҷ намуд. Инчунин дар оғози нимаи дувуми бозӣ мо гол задем, вале сардовар голи ҳалолро ҳисоб накард. Ҳайронам, ки дар чунин мусобиқаи байналмилалӣ ин гуна доварон ҳакамӣ мекунанд. Ва аммо моро он чиз хурсанд кард, ки тамошогарон ба мо мухлисӣ карданд.”

Роид Юсуф Ҷумъа Асаф, сармураббии тими “Ал- Аммарӣ”, ба хабарнигорон гуфт, дастааш барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат меварзад. Ӯ афзуд: “Бозӣ хеле асабӣ ҷараён гирифт. Бозигарони мо, ки мехостанд шарафи кишвари худро хуб ҳимоят кунанд, ба ҳаяҷон меомаданд. Он чиз муҳим аст, ки дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони мо фаъол шуданд. Сабабаш он буд, ки мухлисон моро дастгирӣ карданд. Дар Фаластин мо майдонҳои хуб надорем, бинобар ин давраи омодагиро дар Урдун гузаронидем. “

Бозии даври дувуми сабқати “С” рӯзи 7-уми май миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва “Ал-Амарӣ”-и Фаластин баргузор мешавад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 16 ба вақти Тоҷикистон шурӯъ хоҳад шуд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК роҳ меёбанд.
Барои мухлисон тамошои бозиҳо пулакист. Нархи чиптаи даромад ба варзишгоҳ 10 сомонӣ буда, он ҳамчунин билети лотерея ба шумор меравад. Ба бозии лотерея ду мошини сабукрави тамғаи ВАЗ-21015, се скутер (дучарха) ва техникаи маишӣ гузошта мешаванд.

Мухлисон метавонанд чиптаҳоро аз кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои филиали букмекерии идораи «Формула успеха» бихаранд.

Ҷоми раиси АФК. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)

«Балкан» (Туркманистон) – «Ал-Амарӣ» (Фаластин)
Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)

«Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Балкан» (Туркманистон)

Бозиҳои гурӯҳи «B” бо ширкати чаҳор даста шурӯъ шуданд.
Дар нахустин даври мусобиқа дастаи "Фном Пенҳ Кровн" (Камбоҷа) бар тими "Едзин" (Бутан) бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд.

Тими «Дордой»((Қирғизистон) дастаи "Непал полис клуб" (Непал)-ро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.

Дар даври дуввум рӯзи ҳафтуми май футболбозони Бутан бо Қирғизистон ва Непал бо Камбоҷа бозӣ мекунанд.

Сабқати гурӯҳи «А» бо ширкати се даста – қаҳрамонҳои футболи Муғулистон, Покистон ва Тайван рӯзҳои 8-ум, 10-ум ва 12-уми май баргузор мешавад.