Норозии нобинои Чин интизори парвоз ба Амрикост

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон рӯзи шанбе Пекинро дар ҳоле тарк кард, ки норозии чинӣ Чен Гуангченг интизори рӯзи парвозаш ба Амрикост. Ин рӯз ҳанӯз муайян нашудааст. Чен, фаъоли нобинои ҳуқуқи инсони Чин, ки дар рӯзҳои сафари Клинтон ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Пекин паноҳ бурд, дар бемористон бо табобати пойи шикастаи худ машғул аст ва ҳукумати Чин аломат додааст, ки ба хуруҷи ӯ мухолиф нест. Вале бо вуҷуди тахминҳо, ки ӯ якҷо бо Клинтон сафар хоҳад кард, ба аёдати ӯ аз тарафдоронаш иҷоза нашудааст. Чин, ки ба сиёсати “як оила – як фарзанд”-и ҳукуматаш мухолиф аст, аз ҳабси 19-моҳаи хонагӣ дар рустои худ фирор кард, то аз Клинтон мадад ҷӯяд.