Боз 3 роҳхати варзишгарони тоҷик ба Лондон-2012

Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин роҳхати бозиҳои олимпии Лондонро низ ба даст овард.

Паҳлавонони тоҷик ба Олимпиадаи Лондон -2012 дар риштаи гуштии озод се роҳхат ба даст оварданд.
Дар дувумин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба гуштии озод дар шаҳри Хелсинкии Финландия паҳлавонони Тоҷикистон – Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев ба дарёфти роҳхатҳо ба бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон мушарраф шуданд.

Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, дар рақобатҳо дар вазни то 84 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кг ба дарёфи медали тилло даст ёфт.

Узви дигари дастаи Тоҷикистон Николай Ноев дар вазни то 55 кг дар ҷои дувум қарор гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Боз ду паҳлавони тоҷик – Муродҷон Тӯйчиев дар вазни то 120 кг ва Ҳабибуллоҳ Абдуллоев то вазни то 96 кг дар риштаи гуштии юнониву румӣ барои дарёфти роҳхатҳо талош мекунанд.

Инчунин ду муштазани тоҷик Мавзуна Чориева дар вазни то 60 кг ва Матлуба Каримова дар вазни то 45 кг дар сабқати ҷаҳонӣ оид ба бокси занон, ки 9-ум май дар Чин шурӯъ мешавад, мубориза хоҳанд бурд.

Ҳамин тариқ то имрӯз 12 варзишгари тоҷик ба бозиҳои олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд.