Дастаҳо ба сабқати Ҷоми раиси AFC омодаанд

Имрӯз дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе, нишасти матбуотии пеш аз оғози сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC ( Конфедератсияи футболи Осиё) баргузор шуд.
Дар ин нишаст сармураббиёни дастаҳои ширкаткунандаи сабқати гурӯҳи «С”, ки аз 5-ум то 9-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барпо мегардад, ба пурсишҳои хабарнигорон посух доданд.

Дар ин нишаст нахуст Амон Муродов, сармураббии тими «Балкан»-и Туркманистон ва Алибек Абдураҳмонов, бозигари ин даста, бо хабарнигорон мулоқот карданд.

Ҷаноби Муродов қабл аз ҳама, аз меҳмоннавозии мизбонон изҳори сипос намуда, бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон барои онҳо шароити хуб фароҳам овардааст. Вай афзуд, “моро бо Тоҷикистон муносибати дерина дар риштаи футбол мепайвандад. Замони шӯравӣ дастаҳои “Помир”-и Душанбе ва

Амон Муродов, сармураббии тими «Балкан»-и Туркманистон

“Копетдоғ”-и Ашқобод бо ҳам борҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ рӯбарӯ шуда буданд. Дастаи “Балкан”, ки соли 1991 таъсис ёфтааст, ду сол қабл тағйири ном кард. Пеш бо номи “Небитчӣ” маъруф буд. Се бор ба унвони қаҳрамони Туркманистон мушарраф шудааст. Дар ҳайати даста феълан 3 нафар аз тими миллии кишвар мебошанд. Албатта, ҳарсе дастаи ширкаткунандаи сабқати гурӯҳи мо дар назди худ вазифа гузоштааст, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад. Ман пешгӯӣ намекунам, вале мегӯям, ки мо ба ин мусобиқа хуб омодагӣ дидаем ва мақсад дорем, ки ба натиҷаи баланд ноил шавем.”

Роид Юсуф Ҷумъа Асаф, сармураббии тими «Ал-Амарӣ»-и Фаластин

Баъдан Роид Юсуф Ҷумъа Асаф, сармураббии тими «Ал-Амарӣ»-и Фаластин ва Ҳасан Содиқ, капитани ин даста, дар бораи омодагиҳои тими қаҳрамони ин кишвар ба ин мусобиқа иттилоъ доданд.

Ҷаноби Асаф гуфт, “мо дар ин мусобиқа барои аввалин бор иштирок мекунем. Бисёр хушнудем, ки мизбонии ин мусобиқаро Тоҷикистон ба зимма гирифтааст ва ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои пазироии хуб миннатдорӣ изҳор мекунам. Ҳарчанд ки вазъият дар кишвари мо хуб нест, мо мекӯшем, ки футболи хуб дошта бошем. Барои рушди футболи мо чунин мусобиқот мусоидат хоҳад кард. Мо имкон дорем, ки футболи
Фаластинро дар ҷаҳон муаррифӣ намоем.“Ал-Амарӣ” ду бор – солҳои 1997-ум ва 2011-ум ба унвони қаҳрамони Фаластин мушарраф шудааст. Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар “Ал-Амарӣ” дар ҷойи панҷум қарор гирифт. Дар дастаи мо, ки ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст, шаш бозигар аз тими миллии кишвар мебошад, ки малакаи хуби футболбозӣ доранд. Мо низ ният дорем, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат бигирем.”

Дар охир Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва Дилшод Восиев, капитани ин даста, ба суолҳои хабарнигорон посух гуфтанд.

Ҷаноби Кавазович ба хабарнигорон бо боварии том чунин иброз дошт: “Вазифаи мо имсол ғолиб шудан дар Ҷоми раиси АФК мебошад. Мо на танҳо дар шаҳри Душанбе дар гурӯҳи худ ҷойи аввалро мегирем, балки соли 2012-умро бо пирӯзӣ дар Ҷоми раиси АФК ба анҷом мерасонем. Бозигарони ман аз ҳама беҳтаринанд, на танҳо дар гурӯҳи худ, балки миёни 10 дастае, ки барои Ҷоми раиси АФК талош доранд. Дар дастаи мо 13 нафар дар тими миллии Тоҷикистон ва 3 нафар дар тими мунтахаби

Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе

ҷавонони кишвар бозӣ мекунанд. Мо дар бораи ин мусобиқа як моҳ боз фикр мекунем ва тамоми ҳушу ёди мо ба ҳамин мусобиқа банд аст. Бинобар ин дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар натиҷаҳои мо чандон хуб нест. Мо давраи омодагиро ба ин мусобиқа дар шаҳри Қайроққум хеле хуб анҷом додем ва сад дар сад бовар дорам, ки дастаи мо ғолиб мешавад.”

Бозигарони ҳарсе даста - Алибек Абдураҳмонов (“Балкан”), Ҳасан Содиқ (“Ал-Амарӣ”) ва Дилшод Восиев (“Истиқлол”) изҳор доштанд, ки бозии хуб нишон медиҳанд ва барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта тамоми кӯшишу ғайрат, маҳорату таҷрибаашонро сарф хоҳанд кард.

Нахустин бозии сабқати гурӯҳи “С” миёни тимҳои “Ал-Амарӣ” ва “Балкан”рӯзи 5-уми май баргузор мешавад. “Истиқлол”, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, 7-уми май бо “Ал-Амарӣ” ва 9-уми май бо “Балкан” рақобат хоҳад кард.
Бар асоси низомномаи мусобиқа дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК роҳ меёбанд.
Барои мухлисон тамошои бозиҳо пулакист. Нархи чиптаи даромад ба варзишгоҳ 10 сомонӣ буда, он ҳамчунин билети лотерея ба шумор меравад. Ба бозии лотерея ду мошини сабукрави тамғаи ВАЗ-21015, се скутер (дучарха) ва техникаи маишӣ гузошта мешаванд.

Мухлисон метавонанд чиптаҳоро аз кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои филиали букмекерии идораи «Формула успеха» бихаранд.

Ҷоми раиси АФК. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)

«Балкан» (Туркманистон) – «Ал-Амарӣ» (Фаластин)

Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)

«Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Балкан» (Туркманистон)

Ҳарсе бозӣ соати 16 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Доварону нозирони бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК низ ба Душанбе омаданд.

Комиссари бозиҳо:
Муним Исо Елиас Фахору (Урдун)
Нозири доварон:
Алӣ Аҳмад Ал-Траифӣ (Арабистони Саудӣ)
Доварони ФИФА:
Ми Нинг (Чин)
Ямамото Юдай (Ҷопон)
Темур Файзулин (Қирғизистон)
Хуррам Шаҳзод (Покистон)
Ёварони довари ФИФА:
Хан Вей (Чин)
Муҳаммад Ризо Довуд Мансурӣ (Эрон)
Сергей Гришченко (Қирғизистон)
Мурод Воҳид (Покистон)