Музокироти Амрикову Русия бар сари барномаи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Аврупо зоҳиран вориди бунбаст шудааст.
Вазири дифои Русия Анатолий Сердюков рӯзи панҷшанбе гуфт, ин музокирот наздик ба “бунбаст” аст. Аммо бо вуҷуди чунин тундтар шудани мухолифати Маскав ба тарҳи сипари зиддимушакӣ, дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен изҳори умед кард, ки имкони тавофуқ бо Русия дар мавриди шабакаи дифои зиддии мушакии ин паймони низомӣ дар Аврупо ҳанӯз аз даст нарафтааст.
Расмуссен, ки дар Лондон сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ “умедвор” аст, ки НАТО метавонад ба созиш даст биёбад, вале на то нишасти рӯзҳои 20 ва 21 майи сарони НАТО дар Чикагои Амрико: “Ман умедворам, ки мо ба тавофуқ расида метавонем. Албатта, на то нишасти Чикаго, вале имкони гуфтугӯ бо Русия ҳанӯз ҳаст.”
Вазири дифои Русия, Анатолий Сердюков дирӯз дар як анҷумани махсуси масоили дифои мушакӣ дар Маскав гуфт, ду ҷониб то кунун барои рафъи ихтилофот дар масъалаи сипари зиддимушакӣ ва дарёфти “роҳҳалҳои қобили қабули тарафайн” комёб нашудаанд. Бо ин вуҷуд ӯ афзуд, ки Русия “барои муколамаи боз омода ҳаст.”
Вале фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия Николай Макаров дирӯз бо лаҳни боз ҳам тундтар бори дигар ҳушдор дод, ки Русия метавонад мушакҳои кӯтоҳпарвози “Искандар”-ашро дар вилояти Калининград, дар наздикии марзи Лаҳистон мустақар кунад. Матбуоти Русия аз қавли
Макаров менависад, ки “истиқрори таслиҳоти нави зарбазан дар ҷануб ва шимолуғарби Русия алайҳи барномаи дифоъи мушакӣ, аз ҷумла истиқрори шабакаҳои мушакии “Искандар” дар вилояти Калининград, яке аз роҳҳои имконпазири корноомад кардани зербинои дифои мушакии Аврупост. “
Амрико исрор меварзад, ки ин сипари мушакии ҳанӯз сохтанашуда таҳдиде ба Русия нест, балки ҳадафаш мудофиаи Аврупо аз ҳамлаҳои мушакии эҳтимолӣ аз сӯи кишварҳое, чун Эрон аст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер дар Вошингтон гуфт, Русия набояд нигарон бошад, ки ин сипар иқтидори ҳастаияшро замин хоҳад кард: “Ягон далеле барои Русия нест, ки даст ба тадобири ҷавобӣ бизанад. Барномаи дифоъи мушакӣ ба тавозуни стротегӣ байни Амрикову Русия асаре нахоҳад дошт. Мо дар тӯли чандин сол босароҳат мегуфтем, ки дар инҷо қасд, азм, ё тавони тахриби иқтидори стротегии Русия вуҷуд надорад.”
Русия аммо мегӯяд, сипари мушакӣ метавонад барои амнияти миллиаш таҳдид ба бор биорад. Раиси он ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев соли гузашта гуфт, Маскав дар ғайри
сурати ахзи тавофуқ бо Амрико ва НАТО, бо иқдомоти низомӣ посух хоҳад дод. Пешниҳоди истиқрори мушакҳои “Искандар” дар Калининград низ ҳамон вақт аз забони Медведев берун ҷаст ва инак ба забони мақомҳои баланди низомии рус уфтодааст.
Русияву НАТО ду сол пеш пиромуни ҳамкорӣ дар масъалаи дифоъи мушакӣ тавофуқ карданд, вале то ҳол ба як муомилаи ниҳоӣ дар ин масъала даст наёфтаанд. Маскав чанд муддат пешниҳоди истифода ва идораи муштараки ин сипари ҳанӯз сохтанашударо бо НАТО дар миён гузошт, ки ба Брюссел писанд наомад.