Дар ҳамлаи нирӯҳои амниятӣ ба як тазоҳурот дар донишгоҳи Ҳалаб дар шимоли Сурия дастикам 4 нафар кушта ва 200 тан боздошт шуданд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон мегӯяд, нирӯҳои амниятӣ болои донишҷӯёне ки аз 14 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад ҳимоят мекарданд, оташ кушодаанд. Кохи Сафед ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, дар сурати нокомии тарҳи сулҳи Куфӣ Анон дар қиболи Сурия шояд талоши нави байналмилалӣ лозим шавад. Раҳбари ҳайъати нозирони СММ дар Сурия Роберт Муд гуфт, қадами аввал барои хатми хушунатҳоро бояд артиши Сурия гузорад.