Ҳукми қотилони "Бобои барфӣ" эълон шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе се нафарро бо иттиҳоми қатли Парвиз Давлатбеков ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.
Фахриддин Додоматов, додраси додгоҳ ҳангоми қироати ҳукм эълон кард, ки Беҳрӯз Шарипов 10 сол ва Фаррух Самиеву Шараф Давлатов чорсолӣ аз озодӣ маҳрум шуданд ва нафари чаҳорум Ҳасан Абдурашидов ба андозаи 100 нишондод ҷарима шуд.

Эъломи ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нисбати муҷримони қатли Парвиз Давлатбеков, нолаву фиғони пайвандони онҳоро дар саҳни ҳавлии додгоҳро баланд кард.

Мавлуда Шарифова, модари Беҳрӯз Шарифов, ҷавони ноболиғ, ки муҷрими аслии қатли Парвиз Давлатбеков дониста шуд, аз ҳукми додгоҳ норозӣ кард ва гуфт: «Фарзанди маро барои кадом гуноҳаш 10 сол доданд, охир ҳама медонанд, ки вай Парвизро накуштааст. Бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Охир вай ба ман гуфта буд, ки умуман корд назадааст. Аммо баъд намедонам чаро гуфт, ки Парвизро ду корд задааст. Ва имрӯз намедонам аз куҷо мегӯянд, ки Беҳрӯз 3 корд задааст. Ман чизеро намефаҳмам.»

Мавлуда Шарифова, гуфт, ки ҳатман нисбати ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Аммо ин дар ҳолест, ки тарафи ҷабрдида низ ба ҳукми содиркардаи додгоҳи шаҳри Душанбе мухолифат мекунад.
Шарифа Худойбахшова, холаи Парвиз, ки 5 соли донишҷӯӣ дар Душанбе аз ӯ муроқибат кардааст, ҷазои таъинкардаи додгоҳро хеле кам медонад. Зеро ба таъкиди вай, барои қотилони Парвиз чаҳор сол хеле кам аст ва ҳар яки онҳо набояд камтар аз 8 соли зиндон ҳукм мегирифтанд:

«Тибқи қавонини байналмилалӣ барои содир кардани чунин ҷиноят аз 12 то 19 сол таъйин мешавад. Лекин чун дар қонунгузории мо ҳамин тавр омадааст, айбдоркунандаи давлатӣ 5 сол талаб карда буд, аммо додгоҳ 4 сол муайян кард. Ба ҳар сурат чун инҳо низ ҷавон ҳастанд, мо низ маҷбурем, ки розӣ шавем. Чун Парвизи мо ҷавон буд ва аз зиндагӣ маҳрум шуд, мо намехоҳем, ки ҷавони дигар ҳам аз зиндагӣ маҳрум шавад. Зеро пушти панҷара рафтан худ маънии маҳрум шудан аз зиндагиро дорад.»


Бо вуҷуди он, ки тарафи ҷабрдида мӯҳлати ҷазо ба муҷримони қазияи қатли Парвиз Давлтбековро кам медонад, аммо дар маҷмӯъ бар ин назар аст, ки таҳқиқи парванда ва ҳукми додгоҳ боадолатона аст. Ин аст, ки Шарифа Худойбахшова, холаи Парвиз аз фаъолияти мақомоти интизомӣ дар таҳқиқи ин парванда шикоят надорад: «Барои мо марги Парвиз хеле сахт аст ва мо намехоҳем, ки дигар модарон низ ҳамингуна ашк бирезанд. Бигзор ин ҳукм барои дигарон низ ибрат бошад. »

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳукми қотилони "Бобои барфӣ" эълон шуд


Қаблан додситонӣ аз додгоҳи шаҳри Душанбе дархост карда буд, ки ба Беҳрӯз Шарифов, муттаҳами аслии қатли Парвиз Давлатбеков, ба далели ноболиғ будан 10 сол диҳад, зеро «қонун барои фарди ноболиғ маҳрумият аз озодӣ барои беш аз даҳ солро» манъ кардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ ба ду тани дигар - Фаррух Самиев ва Шараф Давлатов ба ҳар яке маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ солӣ ва барои Ҳасан Абдурашидов ҷазои пардохти ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи маошро пешниҳод карда буд.

Муҳокимаи парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков, ки бо номи «Бобои Барфӣ» маъруф аст ва аз пурсарусадотарин қазияҳо дар чаҳор моҳи охир маҳсуб мешавад. Баррасии ин парванда дар ду ҳафтаи пеш дар додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шуд ва ба иттилои масъулони додгоҳ, дар ин куштор дар маҷмӯъ 8 нафар гумонбар дониста мешуданд, аммо додгоҳ ҳоло танҳо 4 нафарро маҳкум кард.

Ҳамла ба Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январи соли 2012 рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав либоси "Бобои барфӣ"-ро ба тан кард, вале дар даромадгоҳи бинои манзили яке аз хешовандонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса нопадид шуданд.