Боздиди генерали амрикоӣ аз гузаргоҳи Панҷи Поён

Фармондеҳи нерӯҳои таъминоти нақлиётии Амрико рӯзи 2-юми май аз дидбонгоҳи сарҳадии Панҷи Поён дидан кард.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон мегӯяд, фармондеҳии нерӯҳои нақлиётии ин кишвар, генерал Вилям Фрейзер дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён бо фармондеҳи Сарраёсати марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Милии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо вохӯрда, бо вазъи гузаргоҳи мазкур ошно шудааст.

Ин гузаргоҳ ва ҳам пули бузургтарини миёни Тоҷикистону Афғонистон - Панҷи Поён - Шерхон - Бандар бо сармояи беш аз 40 миллион доллараи Амрико бунёд шудааст.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар Душанбе, боздиди Фрейзер фармондеҳи таъминоти нақлиётии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико аз марзи Тоҷикистон ҷузъе аз барномаи сафари ӯ ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ аст.

Дар гузашта мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ изҳор дошта буданд, ки мехоҳанд нерӯҳои худро аз масири Тоҷикистон- Қирғизистон-Қазоқистон - Русия аз Афғонистон берун оранд. НАТО то поёни соли 2014 мехоҳад қисмати асосии нерӯҳои худро аз Афғонистон берун орад.

Русия ва Узбакистон ҳам ин тарзи интиқоли муҳимоти низомии ИМА-ро пуштибонӣ кардаанд. Моҳҳои ахир интиқоли бор ба Афғонистон бо мушкил мувоҷеҳ шуда буд. Зеро Покистон пас аз куштори як идда сарбозони артиши ин кишвар дар марз бо Афғонистон, рафтуомади корвони нерӯҳои байналмилалӣ ба Афғонистон тавассути Покистонро манъ кард.

Хулоса, дар пайи ин баҳсу талошҳо бо Покистон, роҳи шимолии интиқоли бор фаъол шуд. Борҳо то баҳри Балтик ва Баҳри Сиёҳ интиқол ёфта, аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Афғонистон фиристода мешаванд. То кунун ин роҳ дар як самт фаъол аст, яъне бор ба Афғонистон интиқол меёбад ва фармондеҳони амрикоӣ саъй доранд, роҳи баръакс, яъне интиқоли бор аз Афғонистон ба хориҷро низ фаъол кунанд.

Ба гуфтаи коршиносони умур, дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ васоилу муҳимоти артиши Амрико аз Афғонистон асосан тавассути пули Панҷи Поён ва гузаргоҳи Кокули Фархор ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо тавассути роҳи заминӣ то Қирғизистон ва ё тавассути қатор аз тариқи Узбакистон ба Қазоқистон интиқол хоҳанд шуд.