Ҷунбиши миллӣ мехоҳад расман сабти ном шавад

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар Интернет гуфт, барои сабтиноми расмӣ ба вазорати адлияи ин кишвар муроҷиат хоҳад кард. Намояндаи ин гурӯҳ дар Душанбе Қиёмиддин Шоев гуфтааст, асноди Ҷунбиши миллиро рӯзи 3 май ба вазорати адлия хоҳанд супурд. Ҷунбиши миллиро моҳи феврал гурӯҳе аз атбоъи Тоҷикистон дар хориҷа ба хотири таҳкими демократия ва таъмини шаффофияти интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додаанд. Вале то кунун исми муассисони Ҷунбиши миллӣ нашр нашудааст.