Сафари Обама дар солгарди қатли бен Лодин
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, шоми сешанбе бо як сафари аз қабл эълонношуда вориди Афғонистон шуд. Вай ва ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай дар Кобул ба паймони коршарикии стротегии ду кишвар имзо гузоштанд. Обама дар расми имзои ин санад гуфт, “на мардуми Амрико ва на мардуми афғон хостори ҷанг набуд, вале 10 сол боз ҳарду дар канори ҳам истодаанд.”