Гузоришҳо мегӯянд, ки дигарандеши нобинои чиноӣ Чен Гуанчен, ки аз ҳабси хонагӣ фирор кардааст, сохтмони сафоратхонаи Амрикоро дар Пекин тарк кард. Ин хабарро ба оҷонсии Синҳуа як мақоми амрикоӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки Чен баъди шаш рӯзи буду бош сафоратхонаро тарк кард. Ин мақом гуфт, ки Чен ба як шифохонаи Пекин рафт ва бояд базудӣ ба аҳли хонаводааш пайвандад. Чен манзилашро тарк карда тавассути ҳавопаймо ба Пекин рафту вориди сафорати Амрико шуд ва дар пайи он, музокираҳои баландпояи миёни ҳукуматҳои Чину Амрико барпо гардид. Чен бо эътирозҳои шадидаш зидди исқоти маҷбурии ҳамл ва маъракаи безурётсозии занон дар чаҳорчӯби сиёсати якфарзандии ҳукумат аз рӯзи 22 апрел дар манзилаш дар вилояти Шандон маҳкум ба ҳабси хонагӣ буд.