Вакилони аврупоӣ ба Душанбе меоянд

Як ҳайати парлумонии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сеюми май вориди Душанбе хоҳад шуд.
Вакилони порлумони Иттиҳоди Аврупо, ки қарор аст, 3-юми май вориди Душанбе шаванд, дар ҳамоиши дуюми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад дар ин ҷаласа, ки ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, то 5-уми май идома хоҳад кард, иҷрои Созишномаи коршарикӣ ва ҳамкории ду тараф баррасӣ хоҳад шуд. Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2010 узви ин қарордод аст, ки густариши равобит ва ҳамкориҳои дуҷонибаро дар назар дорад.

Ҳайати вакилони порлумони Иттиҳоди Аврупо Паоло Бартолоззӣ аз Итолиё раҳбарӣ мекунад. Намояндагон Никол Киил-Нилсен, Алфред Рубикс, Ҳерберст Дорфманн, Никколо Риналдӣ, Катарина Неведалова, Кармен Ромеро Лопез, Инес Аяла Сендер ва Марк Тарабелла узви ин ҳайатанд.

Ҷаласаи аввали Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон соли гузашта дар Брюссел баргузор шуда буд. Иттиҳоди Аврупо яке аз имдодрасонҳои умдаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта аз соли 1992 ба ин сӯ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ба маблағи қариб ним миллиард евро кӯмакҳои молӣ расондааст. Он ҳамчунин ташаббускор ва ёрирасони ислоҳоти низоми додгоҳии Тоҷикистон, беҳбуди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ин кишвар ба шумор меравад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли гузашта зимни сафари аврупоии худ дар ҷаласаи муштараки Кумитаи байналмилалӣ ва кумитаи равобит бо кишварҳои Осиёи Марказии Порлумони Аврупо суханронӣ намуда, ба пурсишҳо дар робита ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, истифодаи захоири обӣ, мушкилиҳои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддар дар Тоҷикистон посух гуфта буд. Бархе аз аъзои Порлумони Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи озодиҳои мазҳабӣ танқид карданд ва хостори тағйир дар қонунгузориҳои Тоҷикистон шуданд.

Дар ҷараёни ин сафар ҷониби Тоҷикистон ва мақомоти аврупоӣ ҳамчунин аҳдномаеро ба имзо расонданд, ки акнун тибқи он дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба таври расмӣ эътироф мешавад.