Интизор меравад, Шӯрои Амнияти СММ имрӯз қатъномаи Судонро мавриди раъйгирӣ қарор диҳад. Ин санад дар ғайри сурати хатми ҷанг ва азсаргирии музокирот ба эъмоли таҳримоти ғайринизомӣ алайҳи Судон ё Судони ҷанубӣ таҳдид мекунад. Тарҳи Шӯрои Амният забти минтақаи нафтхези Ҳеглиг аз сӯи Судони ҷанубӣ ва бомббори ҳамсояаш аз сӯи Судонро маҳкум ва ба зарурати дар 3 моҳ ҳалл кардани мақоми ниҳоии вилояти нафтхези Абей ва марзҳои баҳсии ду Судон даъват мекунад. Судони ҷанубӣ ҳамагӣ як сол пеш, баъди 10 соли ҷангҳои хунин, ки 2 миллион кушта ба ҷо гузошт, аз Судон ҷудо шуд.