Таҳиягари эронӣ ва барандаи ҷоизаи “Оскар” Асғар Фарҳодӣ мехоҳад бо намоиши филми “Ҷудоии Нодир ва Симин” ҳамраъйии худ бо паноҳандаҳои афғони муқими Эронро эълом дорад.
Қарор аст, ки чанд тан аз таҳиягарони шинохтаи эронӣ, ба нишони эътироз алайҳи маҳдудсозии ҳуқуқҳои афғонтаборҳои кишвар, аз ӯ пайравӣ кунанд.
Моҳи гузашта расонаҳои Эрон бо такя ба мақомоти вилояти Мозандарон навиштанд, ки ба афғонҳо иқомат дар ин минтақаи сайёҳии кишварро манъ кардаанд. Ҳукумати маҳаллӣ аз онҳо талаб кардааст, ки то рӯзи 20 июн минтақаро тарк намоянд. Гуфта мешавад, ки ҳуқуқҳои афғонҳо дар дигар шаҳрҳои Эрон ҳам поймол мешавад - аз ҷумла, рӯзи 1 апрел, ки дар Эрон чун Рӯзи Табиат таҷлил мешавад, шаҳрдории Исфаҳон ба афғонҳо вуруд ба боғи шаҳрро манъ кардаанд.
Асғар Фарҳодӣ ба нашрияи “Шарқ” гуфтааст, ин гуна рафтор бо муҳоҷирон дар Эрон, дар кишваре, ки бузургтарин шумораи муҳоҷирон дар оламро дорад, боиси таассуф аст. Аз ин пештар муаллифи филми “Ҷудоии Нодир ва Симин” гуфта буд, ки барои ин гуна аъмоли мақомот набояд мардуми Эронро айбдор хонд, зеро онҳо хуб медонанд, ки ҷангу ҷидол мардумро барои тарки кишвар водор месозад.
Ба навиштаи рӯзномаи “Шарқ”, қарор аст, ки Фарҳодӣ ба зудӣ аз Порис ба Эрон равад ва рӯзҳои 11 ва 12 май дар Мозандарон филмашро мавриди баҳсу баррасии эрониҳову афғонҳо қарор диҳад. Чанд таҳиягари дигари эронӣ ба ӯ пайравӣ мекунанд ва аммо рӯзи сафари онҳо ба Мозандарон ҳанӯз маълум нест. Яке аз онҳо Монӣ Ақиқӣ мегӯяд, агар Эрон мехоҳад, ки рушд кунад, бояд ба афғонҳо иҷозаи кору зиндагӣ, таҳсил, харидории манзил ва дарёфти бимаи тиббиро диҳад.
Маҳдудиятҳои нав алайҳи паноҳандаҳои афғон дар Эрон боиси эътирози эрониҳои зиёде дар интернет, аз ҷумла, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва блогҳо гардид.
Бар пояи хабарҳо, айни ҳол тақрибан як миллион паноҳанда ва ҳазорон муҳоҷирони ғайриқонунии афғонистонӣ дар Эрон ба сар мебаранд. Бахши аъзами паноҳандагон баъд аз таҷовузи шӯравӣ ба Афғонистон ва дигарон баъди соҳибқудрат шудани толибон кишварро тарк намуданд.
Онҳо асосан ба ҳаммоливу фаррошӣ машғуланд, корҳое, ки бештари эрониҳо аз иҷрояшон парҳез доранд. Бо ин вуҷуд, афғонҳоро дар ишғоли ҷойҳои кори мардуми бумӣ ва ҷинояткорӣ айбдор мекунанд. Фарзандони паноҳандагони афғон дар Эрон аз ҳаққи таҳсил ҳатто дар мактабҳои ибтидоӣ маҳруманд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Эрон пайваста эълом медоранд, ки тайи ду даҳсолаи ахир ба беш аз 2 миллион паноҳандаи афғон сарпаноҳ додаанд. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд бештари афғонҳо дар Эронро монданро авлотар мехонанд ва ҳатто онҳое, ки аз кишвар истирдод шудаанд, баъд аз чанд муддат барои пайдо кардани кор дубора ба Эрон бармегарданд.