Ҳукми додгоҳ дар бораи синфҳои қавмӣ дар Босния

Додгоҳи шаҳри Мостари Босния таҷзияи қавмии хонандагон дар ду мактаби маҳаллиро табъиз шинохта, ба мақомоти маориф ва ин ду мактаб амр дод, ки аз ин таҷруба даст бикашанд ва барои атфоли мусалмону хорват синфҳои омехта ташкил кунанд.
Аз чунин таҷрубаи таҷзияи қавмӣ ба додгоҳ “Ваша права”- як гурӯҳи маҳаллии ҳомии ҳуқуқ шикоят бурда буд. Чунин макотиби ба истилоҳ “ду мактаб дар зери як бом” соли 1999 баъди ҷанги хунини шаҳрвандии Босния дар манотиқи сукунати мусалмонҳову хорватҳо ташкил шуданд ва мебоист заминаи таъсиси синфҳои омехтаро муҳайё мекарданд. Вале “Ваша права” мегӯяд, дар 34 мактаби Босния то ҳол чунин синфҳои аз нигоҳи қавмӣ омехта вуҷуд надоранд.