Нахустин таъйиди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин

Ҷон Бреннан

Раҳбари ниҳодҳои зиддитеррористии Кохи Сафед дар мазҳари омм истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин алайҳи афроди Ал-Қоидаро тасдиқ кард. Ҷон Бреннан гуфт, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҷиҳати боз кардани иттилоъи бештар дар бораи ҷанги махфии чунин ҳавопаймоҳо алайҳи аҳдофи террористӣ амр додааст. Мақомоти Амрико ба сурати умум то ҳол аз изҳори назар дар мавриди ин барномаи махфӣ, ки зоҳиран ҳалокати шуморе аз ҷангиёни Ал-Қоидаро дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар пай дошт, худдорӣ мекарданд. Бреннан гуфт, дар бисёр маворид чунин ҳамалот дар ҳамкорӣ бо давлати мизбон анҷом мешаванд.