Норозиён мегӯянд, барномаи нави телевизиони Гурҷистон қолабҳои заҳрогинеро дар бораи зеҳну фаросати занон ниҳодина мекунад.
Бузургии зан ба зебоист ё доноӣ? Ин суолест, ки дар озмуни нави телевизионии “Мантиқи зан” дар Гурҷистон эътирозҳои зиёдеро ба бор овард. Натиҷагирӣ аз чанд нашри намоиши телевизионӣ ин буд, ки занон гесӯи дароз доранд ва ақли кӯтоҳ.
Бонувони шавқманд ба ин озмуни телевизионӣ даъват мешаванд ва дар ҳузури мардон зери суолборон қарор мегиранд.
Баранда: Хуб, духтарон, худро муаррифӣ кунед.
Марди 1: Бале, албатта.
Духтари 1: Салом ба ҳама. Ман Мака Мчарашвилӣ, касбам раққоса. Бисёр мехоҳам суруд хонам, аммо афсӯс, лаёқаташро надорам ва наметавонам.
Духтари 2: Салом, ман Алина, иқтисодшинос. Ман наққоширо нағз мебинам ва кимиёро бад.
(Ҳозирон кафкӯбӣ мекунанд.)
Баранда: Фикр мекунед, ин духтарон медонанд, ки дар 2 тонна чанди кило бор аст?
(Хандаи аҳли толор)
Марди 1: Яке аз онҳо чӣ гуфт? Гуфт, кимиёро бад мебинад?
Баранда: Бале, вале шунидам, яке аз онҳо иқтисодшинос аст.
Марди 2: Тоннаҳо ва килограмҳо барои раққоса як мавзӯи мушкил аст.
Шаклан ин намоиш мусобиқаҳои “Кӣ донотар?”-ро ба хотир меорад, вале дар он танҳо занон ба саволҳо ҷавоб медиҳанд. Саволҳое монанди ин ки -- “Тӯби ҷаримавӣ аз чанд метр зада мешавад?” ё “Оё Ленин қурбони инквизитсия шуда буд?” Озмоишгоҳи фаросати занон будани барнома хеле зуд эътирози гурҷиҳоро ба бор овард. Онҳо мегӯянд, ин намоиш таҳаммулнопазирӣ ва табъизро ба вуҷуд меорад.
Тамар Сабедашвилӣ, коршиноси Бунёди зани Созмони Милал мегӯяд, воқеан намоиш ноқис аст, зеро занонро ба гунае нишон медиҳад, ки гӯё ба доварии дуруст қодир нестанд: "Мушкили намоиш ин аст, ки танҳо ба ширкаткунандагони зан зарба мезанад. Ба мардҳо саволе дода намешавад. Агар ин барнома барои озмоиши фаросату дониш аст, чаро мардҳо низ санҷида намешаванд?”
Занони гурҷӣ мегӯянд, солҳои зиёдест, зери фишори меъёрҳои суннатии ҷомеа қарор доранд ва бештар аз лиҳози зебоӣ, итоаткорӣ, модарӣ ва дигар хосиятҳои занона баҳо дода мешаванд. Ҳарчанд аз инқилоби садбаргии Гурҷистон қариб даҳ сол мегузарад ва раисиҷумҳури ин кишвар Михел Саакашвилӣ борҳо гуфтааст, ки аз ҳаққи занон дифоъ хоҳад кард, барои модерн кардани мақоми зан кори зиёде ба субут нарасидааст. Тео Хатиашвилӣ, коршиноси театр ва синемо, ки ошкоро намоиши “Мантиқи зан”-ро зери тозиёнаи танқид гирифтааст, мегӯяд: "Аксарияти мардҳои гурҷӣ ҳамоно дар симои зан лӯхтакеро мебинанд, ки бояд чашмони онҳоро роҳат диҳад ва фазоро дар хона дилнишин гардонад. Ҳама чизи беш аз ин ғайримуҳим дониста мешавад.”
Аммо кормандони телевизиони “Имедӣ” мегӯянд, ҳадаф аз ин намоиш сӯҳбат аз мавзӯъҳои мамнӯъест, ки дар ниҳояти амр ба боло рафтани эътибори зан сабаб мешаванд. Иттифоқан, чунин бархӯрд на танҳо ба Гурҷистон, балки ба бисёр кишварҳои дигар низ хос аст. Аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба навиштаи корбари шабакаи Фейсбук, Азиза Тӯхтабоева, симои зан дар расонаҳои ҳамагонии кишвар хеле умумист. Журналисти тоҷик Темур Варқӣ мегӯяд, "агар ба вазъи зани тоҷик аз рӯйи намоишҳои телевизионӣ баҳо дода шавад, ӯ ҳеҷ ғаме надорад ва соли дароз мерақсаду мехонад." Ба ақидаи Диловар Мунавваров, зани тоҷик дар расонаҳои ҳамагонии Тоҷикистон ду симо дорад: "Яке -- давомдиҳандаи насл, яъне модар ва дигаре ҳомии оташдони оила."
Зарурати тағйири нақши суннатии зан дар ҷомеаи тоҷик дар сатҳи давлат ва порлумон низ борҳо матраҳ шудааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар паёмҳои расмияш гуфтааст, бояд ба занон имкон дод, дар идораи давлат ширкат кунанд. Вале иҷрои ин дастур бештар зоҳирпарастона ва теъдоди занони раҳбар дар кишвар ангуштшумор аст.
Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, Парвина Ибодова мегӯяд, дар телевизионҳои Тоҷикистон, чеҳраи воқеии зании тоҷик дида намешавад. “Дар ҷомеаи мо ҳастанд заноне, ки сиёсат ва иқтисодиётро хуб мефаҳманд, технологияҳои пешрафтаи дунёро хуб медонанд, аммо зани донишманд дар телевизиону радиои мо кам ба чашм мехӯрад.”
Ба ақидаи ӯ чанде аз сабқату озмунҳо низ ин холигоҳро пур намекунанд: “Занонро ба ҳайси хонашин нишон медиҳанд, ки чӣ тавр хӯрок мепазад, ба фарзандаш нигоҳ мекунад, шеър мехонад. Ду-се моҳ пеш конкурсҳое буд, ки , масалан, зебоии духтарон ва дарозии мӯяшонро нишон медод. Ин хуб аст, аммо фақат як тарафи масъала аст.”
Ба эҳтимоли зиёд ин ишора ба сабқати “Чакомаи гесӯ” буд, ки то ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид ва тамасхур қарор гирифтааст. Вале аз сӯи дигар ин интиқод низ садо медиҳад, ки худи занон ба андозаи кофӣ фаъол нестанд ва кам иттифоқ меафтад, ки садои худро ба гӯши давлат ва ҷомеа расонанд. Азиза Тӯхтабоева мегӯяд, дар ду даҳаи охир симои зан дар Тоҷикистон дар ҳоли тағйир ва таҳаввул аст, аммо на танҳо ба самти мусбат. Ба ақидаи коршиносон, аммо, ин як раванди худ ба худӣ ва бебарнома аст, ки зери равандҳои иҷтимоӣ шакл мегирад ва ҳанӯз наметавон поёнашро ҳадс зад.
(Дар ҳамкорӣ бо Дейзӣ Синделар ва Саломе Асатианӣ навишта шудааст.)
Бонувони шавқманд ба ин озмуни телевизионӣ даъват мешаванд ва дар ҳузури мардон зери суолборон қарор мегиранд.
Баранда: Хуб, духтарон, худро муаррифӣ кунед.
Марди 1: Бале, албатта.
Духтари 1: Салом ба ҳама. Ман Мака Мчарашвилӣ, касбам раққоса. Бисёр мехоҳам суруд хонам, аммо афсӯс, лаёқаташро надорам ва наметавонам.
Духтари 2: Салом, ман Алина, иқтисодшинос. Ман наққоширо нағз мебинам ва кимиёро бад.
(Ҳозирон кафкӯбӣ мекунанд.)
Баранда: Фикр мекунед, ин духтарон медонанд, ки дар 2 тонна чанди кило бор аст?
(Хандаи аҳли толор)
Марди 1: Яке аз онҳо чӣ гуфт? Гуфт, кимиёро бад мебинад?
Баранда: Бале, вале шунидам, яке аз онҳо иқтисодшинос аст.
Марди 2: Тоннаҳо ва килограмҳо барои раққоса як мавзӯи мушкил аст.
Шаклан ин намоиш мусобиқаҳои “Кӣ донотар?”-ро ба хотир меорад, вале дар он танҳо занон ба саволҳо ҷавоб медиҳанд. Саволҳое монанди ин ки -- “Тӯби ҷаримавӣ аз чанд метр зада мешавад?” ё “Оё Ленин қурбони инквизитсия шуда буд?” Озмоишгоҳи фаросати занон будани барнома хеле зуд эътирози гурҷиҳоро ба бор овард. Онҳо мегӯянд, ин намоиш таҳаммулнопазирӣ ва табъизро ба вуҷуд меорад.
Тамар Сабедашвилӣ, коршиноси Бунёди зани Созмони Милал мегӯяд, воқеан намоиш ноқис аст, зеро занонро ба гунае нишон медиҳад, ки гӯё ба доварии дуруст қодир нестанд: "Мушкили намоиш ин аст, ки танҳо ба ширкаткунандагони зан зарба мезанад. Ба мардҳо саволе дода намешавад. Агар ин барнома барои озмоиши фаросату дониш аст, чаро мардҳо низ санҷида намешаванд?”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад