Нетаняҳу дар фикри даъвати интихоботи нав шудааст

Бенямин Нетаняҳу

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар пайи хуруҷи як ҳизби калидӣ аз эътилофи ҳоким гуфт, мавзӯъи даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлатро баррасӣ мекунад. Ҳизби Йисраел Бейтенуи вазири хориҷа Авигдор Либерман рӯзи шанбе гуфт, аз эътилофи ҳоким хориҷ мешавад. Ин ҳизби қавмгаро баъд аз ҳизби Ликуди Нетаняҳу дувумин ҳизби бузург дар ин эътилоф буд. Интихоботи ояндаи парлумонӣ дар Исроил бояд дар моҳи октябри соли 2013 доир мешуд.