Кашфи ҷасади ходими Салиби Сурх дар Покистон

Табиби бритониёие, ки дар Покистон барои Салиби Сурх кор мекард, аз сӯи гаравгонгирон кушта шудааст. Пулис гуфт, ҷасади сарбуридаи Халил Расҷид Дейли 60-соларо дирӯз дар канори Квейта, дар наздикии марз бо Афғонистон, пайдо кардаанд ва аз номае, ки рӯи ҷасади ӯ гузошта буданд, бармеояд, ки ин раҳбарии барномаи ҳифзи сиҳҳати Салиби Сурх дар Квейтаро ба иллати напардохтани пул куштаанд. Дейлро ҳанӯз рӯзи 5 январ рабуда буданд. Салиби Сурх қатли кормандашро “амали барбарона” хонда, вазири хориҷаи Бритониё онро “амале бераҳмона ва бемаънӣ” алайҳи нафаре номид, ки ба мардуми Покистон кумак мерасонд. Расонаҳо мегӯянд, дар ин минтақа ҳам ҷудоихоҳон балуҷ, ҳам ҷангиёни толиб ва ҳам гурӯҳҳои ҷиноӣ фаъол мебошанд.