Генерал Моод вориди Димишқ мешавад

Кофӣ Аннон ва Роберт Моод

Раиси ҳайати нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Сурия генерал-майор Роберт Моод имрӯз вориди Димишқ мешавад. Намояндаи СММ Нираҷ Сингх дар Димишқ ба хабарнигорон гуфт, ки "Дабири кулли СММ генерал-майор Роберт Моодро нозири аршади низомӣ ва раҳбари ҳайати нозирони СММ дар Сурия таъин кардааст. Генерал Роберт Моод рӯзи якшанбе ба Димишқ меояд ва раҳбарии ҳайатро бар ӯҳда мегирад".

Генерал Моод, собиқадори нерӯҳои посдори сулҳи Норвегия, аз соли 2009 то соли 2011 раҳбари ниҳоди СММ оид ба назорати шартҳои мусолиҳа дар Ховари Миёна буд ва ду бор дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Косово ифои вазифа кардааст.

Бо вуҷуди эълони оташбас дар Сурия даргириҳои алоҳида миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ идома доранд. Дирӯз дар задухӯрд дар канори Димишқ даҳ низомии сӯи мухолифин гузашта ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хабаргузории давлатии SANA, дар як бархӯрд дар шаҳри Алеппо, воқеъ дар шимоли кишвар, се низомӣ ва ду “террорист” кушта шуданд.