Ҷунбиши Толибон масъулияти ҳамла ба муассисаҳои ҳукуматӣ ва қароргоҳи волии Қандаҳорро бар дӯш гирифтааст.
Намояндаи “Толибон”, Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, гуфт, ҳамлаи ахир ба муассисаҳои ҳукуматӣ ва қароргоҳи волии Қандаҳори Афғонистонро ҷангҷӯёни ин ҷунбиш анҷом додаанд.
Бар пояи иттилои ахир, дар ин задухӯрд, ки як соат тӯл кашидааст, ду маргталаби эҳтимолӣ ва ду корманди хадамоти амниятии Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.
Мақомоти Қандаҳор гуфтанд, ки ҷангҷӯён бо худ “камарбанди шаҳид”, норинҷак ва автомат доштанд. Бар асоси гузоришии хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса, ду тан аз мухолифони мусаллаҳ пас аз вуруд ба қароргоҳи волии Қандаҳор бо маъмурони амниятӣ ба даргирӣ пардохтаанд.
Тӯрёлӣ Висо, волии Қандаҳор, пас аз хатми даргирӣ ба хабарнигорон гуфт, ӯву муовинонаш ҳама солим ҳастанд ва ин сарсадо, ки гӯиё "вилоят аз байн рафта ва идора аз байн рафтааст, ҳақиқат надорад." Вай афзуд, вазъият дар Қандаҳор ба ҳолати одӣ бозгаштааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳудуди ду ҳафта қабл дар Кобул -- пойтахти Афғонистон ва дар се шаҳри дигари шарқии ин кишвар шӯришиён амалиёти ҳамоҳангшударо оғоз карданд, ки дар натиҷа 51 нафар кушта шуд.
Дар Кобул шӯришиён минтақаҳои муқими дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои ҳукумати Афғонистонро ҳадаф қарор доданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро Толибони Афғонистон бар ӯҳда гирифта ва гуфтанд, ки ин гуна ҳамлаҳоро дар моҳҳои оянда дар шаҳрҳои дигари Афғонистон низ дар нақша доранд.
Навор аз бойгонӣ: "Якшанбеи хунин"-и Кобул

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад