Дар шаҳри Харков мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи нави ҷиноии нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко бар асари маризии ӯ то 21 май мавқуф гузошта шуд.
Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, қаблан Тимошенко аз ширкат дар баррасии муқаддамотии парванда сарпечӣ карда буд ва акнун ҷонибдоронаш аз он ҳарос доштанд, ки нахуствазири пешинро бо роҳи зӯрӣ аз маҳбас ба додгоҳ меоваранд. Дар майдони назди додгоҳ ҳазорон ҷонибдорони ва мухолифони Тимошенко ҷамъ омада буданд.
Юлия Тимошенко, ки барои сӯистифода аз мақом зимни имзои созиши хариду фурӯши газ бо Русия барои 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст, бар пояи парвандаи нав дар харҷи нодурусти 400 миллион доллари буҷа замони раиси ширкати энерҷии Украина буданаш айбдор мешавад.