Имрӯз ҳукми Чарлз Тейлор эълон мешавад

Чарлз Тейлор дар додгоҳ

Интизор меравад, ки имрӯз ҳукми Додгоҳи байнулмилалии СММ оид ба ҷиноёти низомӣ дар баробари раисиҷумҳури пешини Либерия Чарлз Тейлор эълон шавад.

Додгоҳ ӯро дар пуштибонии ошӯбгарон дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1989-2003 дар Либерия ва кишвари ҳамсояи Сиерра-Леоне айбдор мехонад. Бар асари ин низоъ тақрибан 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Чарлз Тейлор ҳамчунин дар хариду фурӯши ғайриқонунии алмос ҳам муттаҳам мешавад – ба ивази ин санги гаронбаҳо ӯ ба Сиерре-Леоне силоҳ интиқол медод. Аммо Тейлор ин иттиҳомро рад мекунад.

Ҳукми имрӯз нахустин ҳукми додгоҳҳои байнулмилалии мустақар дар Ҳейг дар баробари раҳбари собиқи як кишвар хоҳад шуд.