Сӯҳбати хабарнигори "Озодӣ" Абдулло Ашӯров бо шамшербози тоҷик Оксана Бакаева.
Озодӣ: Оксана, чаро маҳз варзиши душвори фехтования (шамшербозӣ)-ро интихоб кардед?
Оксана Бакаева: "Ҳамеша ин навъи варзишро дӯст медоштам, зеро варзиши зебову бошаҳомат аст. Вақте чунин имконият барои тамрин кардани ин навъи варзиш пайдо шуд, аз он истифода кардам ва ба ин навъи варзиш машғулам. Аввалин машқҳоямро дар шаҳри Пекин дар ин риштаи варзиш гирифтам."
Озодӣ: Оё дар Душанбе толоре ҳаст, ки махсус барои тамрини фехтования бошад?
Оксана Бакаева: "Мутаассифона, ин гуна толор надорем. Чунки фехтования бисёр варзиши гарон аст. Барои тамрин кардан як толори комилан алоҳида зарур аст. Чунки дар он ҷо бояд пайроҳаҳо ва дигар тачҷҳизот бояд насб карда шаванд. Масалан, як либоси варзишӣ қариб 600 евро, шамшер 100 евро, ниқоб 60 евро нарх дорад. Бинобар ин, мо то ҳол ин гуна имконияти молӣ надорем. Мо ният дорем, тобистон як толорро иҷора гирифта, ба нафарони хоҳишманд ин навъи варзишро омӯзонем. Дар замони Шӯравӣ ин навъи варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд карда буд, мураббиёни ҳирфаӣ низ буданд, ки бо бархеи аз онҳо муносибат дорем. Аммо толори махсусе, ки замони Шӯравӣ дар он тамрин мекарданд ва дар назди варзишгоҳи "Динамо" қарор дошт, дигар фаъол нест."
Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон ҳастанд одамоне, ки ба фехтования машғул бошанд ва чӣ созмоне онҳоро дастгирӣ мекунад?
Оксана Бакаева: "Дар Тоҷикистон нафароне, ки ба фехтования машғул бошанд, вонахӯрдам. Ҳангоми тамрин рақиб надорам ва ин раванди машқро хеле душвор мекунад. Аммо дар Русия тоҷиконе ҳастанд, ки ба ин навъи варзиш машғуланд ва дар толорҳои ин кишвар тамрин мекунанд. Соли 2007-ум дар Тоҷикистон Федератсияи февхтования ба қайд гирифта шуд ва ҳоло он фаъолият дорад. Фикр мекунам, барои он ки ба ин федератсия ва варзишгарон бештар таваҷҷӯҳ шавад, бояд ба ягон дастоварди бузургтар ноил шуда аз худ дарак диҳем."
Озодӣ: То ҳол дар кадом мусобиқот иштирок кардаву чӣ дастоварде доред?
Оксана Бакаева: "Соли 2011-ум дар шаҳри Катании Италия дар чемпионати ҷаҳон оид ба шамшербозӣ иштирок доштам. Мутаассифона, пеш аз сабқат имконияти танҳо 2 моҳ тамрин карданро доштам, ки ин барои иштирок дар чунин мусобиқаҳо хеле кам аст. Вақте парчами Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигар намудор шуд, ҳама дар ҳайрат монданд. Бар замми ин, рақибони ман аз кишварҳое чун Бритониё, Олмон, Суис ва Африқои Ҷанубӣ буданд, ки дар ин кишварҳо ин навъи варзиш бисёр рушд кардааст. Агарчӣ соҳиби ҷойи намоён нашудам, аммо Тоҷикистон дар ҷои аз ҳама охирин низ нест. Баъд аз иштирок дар ин чемпионат ба ман гуфтанд, ки ба намояндаи Тоҷикистон чун кишваре, ки дубора ин навъи варзишро эҳё кардааст, роҳхат ба олимпиадаи Лондон супурда мешавад. Аммо баъдан шароити иштирок дигар карда шуд ва ба мо гуфтанд, ки роҳхатҳо ба олимпидаи Лондон пас аз натиҷаи чемпионати Осиё дар Ҷопон супурда мешавад."