Алан Жупе гуфт, Шӯрои амният бояд истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи ҳукумати Башор Асадро низ дар назар бигирад.
Алан Жупе, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи чаҳоршанбе (25-уми апрел) гуфт, дар сурате, ки тарҳи сулҳи Кофӣ Аннон, намояндаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи араб дар умури Сурия бо шикаст рӯбарӯ шавад, Шӯрои амният бояд истифода аз нерӯи низомӣ бар зидди ҳукумати Башор Асадро дар назар бигирад.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиайтед Пресс, вазири умури хориҷии Фаронса гуфтааст, Порис замони гузориши оқои Аннон дар хусуси авзои Сурияро ба унвони зарбулаҷале барои иҷрои комили тарҳи сулҳ тавассути ҳукумати Сурия медонад.
Алан Жупе ҳамчунин хостори истиқрори ҳарчӣ зуди 300 нозири Созмони Милали Муттаҳид барои Сурия шудааст. Вай, ки пас аз дидор бо теъдоде аз мухолифони ҳукумати Башор Асад сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, мо фикр мекунем, бояд ба ин тарҳи сулҳ фурсат дода шавад ва нозирони Созмони Милал бояд фавран мустақар шаванд.
Дар ҳамин ҳол, фаъолони Сурия мегӯянд, бар рағми оташбаси эъломшуда нерӯҳои давлатӣ шуморе дигар аз шаҳрвандони ин кишварро куштаанд.
Кофӣ Аннон рӯзи сешанбе (24-уми апрел) гуфта буд, "вазъият дар Сурия ғамангез аст ва ин кишвар ҳамчунон ба мизони ғайри қобили қабуле шоҳиди идомаёбии хушунатҳост."
Сухангӯи Кофӣ Аннон ҳам гуфта буд, ки тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки нерӯҳои низомии Артиши сурия аз манотиқи шаҳрӣ ақибнишинӣ карда ва ба подгонҳо бозгаштаанд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси тарҳи сулҳи Кофӣ Аннон давлати Сурия мувофиқат карда буд, куллия нерӯҳои низомӣ ва силоҳҳои сангини худро аз манотиқи шаҳрӣ хориҷ кунад.
Аз ин пеш, ҳайатҳои 14 кишвари ғарбӣ ва арабӣ тарҳи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннонро “умеди охирин барои ҳалли бӯҳрони Сурия” арзёбӣ карданд. Дар нишасти кишварҳои “дӯсти Сурия”, ки дар Порис баргузор шуд, онҳо талошу пойфишории худ барои амалӣ шудани ин тарҳро эълом доштанд. Тарҳи Кофӣ Аннон берун кардани нерӯҳои низомӣ ва тонку зиреҳпӯшҳо аз шаҳрҳо, ёрии башарӣ ба сокинони шаҳрҳои гирифтори даргириҳо, раҳоии маҳбусон ва фаъолияти бидуни монеаи хабарнигорон дар Сурияро дарбар мегирад.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар нишасти “дӯстони Сурия” аз Шӯрои амнияти СММ даъват намуд, ки ба хотири амалӣ шудани тарҳи хатми хушунат фишор болои ҳукумати Башор Асадро афзоиш диҳад ва таҳримҳои навро болои Димишқ эъмол кунад. Ба гуфтаи хонум Клинтон ин таҳримҳо бояд манъи сафари мақомоти Сурия ба дигар кишварҳо ва маҳдудиятҳояи молиявиро дарбар бигиранд.
Дар нишасти Порис мавзӯи ироаи кӯмакҳои башарӣ ба мардуми Сурия низ баррасӣ шуд ва аҳли нишаст омодагии худ барои кӯмак ба паноҳандагони суриягиро эълом доштанд. Ба иттилои Антонио Гутерреш, масъули Раёсати паноҳандагони СММ, мақараш дар Женева, тайи як соли нооромиҳо дар Сурия тақрибан 230 ҳазор нафар манзилҳои худро тарк намуда, дар дигар манотиқи кишвар панаҳ бурдаанд.