Қатли тоҷике дар Кувейта. Тафтишот то куҷо расид?

Акс аз бойгонӣ

Барно Муқимова, модари Нӯъмон Муқимов, шаҳрванди дар шаҳри Кувейтаи Покистон кушташудаи Тоҷикистон мегӯяд, ки тангдастӣ зиёрат аз қабри писарашро тақрибан ғайримумкин кардааст.
Ӯ меафзояд, ки аз писари ҷавонмаргаш ба ҷуз чанд акс тақрибан дигар ёдгорие боқӣ намондааст: “Мехоҳам ба зиёрати гӯри писарам равам вале ман ҳеҷ пул надорам. Ҳама пулро дар маъракаҳо ва рафту омадамон ба Кувейта сарф кардем ва ҳатто қарздор шудем...Илтимос дорам, ки ба ман кӯмак кунанд, то аз гӯри писарам хабар гирам. Ақаллан ягон чизашона гардонда медоданд. Ҳеҷ чиз аз онҳо намонд ба ёдгор барои ман”

Ин ҳодиса, ки тақрибан як сол пеш дар як постгоҳи шаҳри Кувейтаи Покистон рӯх дод, на фақат пайвандони кушташудагон, балки ҳазорон нафари дигар ҳам такон дод.

17-уми майи соли гузашта кормандони полис панҷ шаҳрванди хориҷиро, ки бидуни санадҳои зарурӣ буданд, тирборон карданд. Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, мегӯяд, ки чаҳор тан аз кушташудагон шаҳрвандони Русия ва як нафар -Нӯъмон Муқимови 24-сола зодаи шаҳри Душанбе, донишҷӯи яке донишгоҳи шаҳри Маскав буд. Ҳамроҳи Нӯъмон хонумаш

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон

Олга Шрёдер, зодаи ҷумҳурии Ёқутистони Русия ҳам буд, ки бо ҳам як сол пеш издивоҷ карда буданд. Ҷомеаи Покистон баъди он барошуфт, ки маълум шуд Олга дар батнаш тифли ҳафтмоҳа доштааст.

Ба навиштаи расонаҳои Покистон, кормандони полиси Кувейта аввал баёнот додаанд, ки гӯё шаҳрвандони хориҷӣ “камарбанди шаҳид” доштанд ва аммо тафтишот ин иддаои онҳоро рад кард. Тафтишот собит намуд, ки хориҷиёни кушташуда ба ягон гурӯҳи террористӣ ҳам шомил набудаанд. Нӯъмон Муқимов ва хонумаш Олга дар шаҳри Кувейта бо риояи расму русуми мусалмонӣ ба хок супурда шудаанд.

Зубайдулло Зубайдов мегӯяд, ки онҳо ин парвандаро таҳти назорат доранд ва ҳар моҳ дар бораи ҷараёни мурофиа ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳанд. Ӯ меафзояд, ки чанд бор ба мақомоти Покистон тӯл кашидани ин мурофиаро гӯшрас карданд ва фақат дар ҳамин авохир иттилоъ гирифтанд, ки поёни мурофиа наздик аст. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, мушкили аслии он аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон бидуни раводид ба Покистон ворид шудааст ва ин пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаи Муқимовҳоро мушкил месозад.

Барно Муқимова, модари Нӯъмон, ба мо гуфт, ки фоҷиа дар Кувейта марги ҳамсари маризашро наздиктар кард. Ӯ меафзояд, акнун фақат дар ҳоле метавонад ба зиёрати турбати писараш равад, ки ҳукумати Покистон бегуноҳии писарашро собит ва куштори ӯро ҷуброн кунад.

Модар умедвор аст, ки додгоҳ писарашро сафед ва қотилони ӯро муҷозот мекунанд, ҳарчанд то ҳол барои худи ӯ ҳам рӯшан нест, ки киҳо ва бо кадом далел ба ҷойи Туркия писари ӯву ҳамроҳонашро ба Покистон бурдаанд. Қабл аз ин ҳодиса Нӯъмон гуфта буд, ки онҳо мехоҳанд тавассути Туркия ба Душанбе раванд.