Ҳалокати боз чаҳор сарбози НАТО дар Афғонистон

Тайи шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон боз чаҳор низомии НАТО кушта шуданд. Аз ҷумла ду нафар бар асари таркишҳо дар ҷануби кишвар ҷон бохтанд.

Аз ин пеш вазорати дифои Гурҷистон хабар дод, ки бар асари инфиҷори майни рӯи раҳ дар вилояти Ҳилманд як сарбози гурҷӣ кушта шуда ва теъдоди низомиёни дар Афғонистон кушташудаи кишвар ба 16 нафар расид.

Дар ҳайати нерӯҳои байнулмилалии зери фармони НАТО 800 низомӣ аз Гурҷистон алайҳи “Толибон” меҷанганд. Моҳи декабри соли гузашта парлумони Гурҷистон барои фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон тасмим гирифта буд ва қарор аст, ки теъдоди афсарону сарбозони гурҷӣ дар ин минтақаи доғ ду баробар афзоиш ёбад.

Авоили ин моҳ Дабири Кулли НАТО Андерс фог Расмуссен Гурҷистонро “ҳампаймони намунавӣ” номид ва аммо гуфт, ки роҳи ин кишвар барои вуруд ба Паймон ҳанӯз тулонӣ аст.

Моҳи равон дар Афғонистон 31 нафар ва аз аваали сол беш аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд