Ба ин тартиб ширкати мазкур аз пардохти 60 миллион сомонии андоз ва боҷи гумрукӣ раҳо карда шуд. Вале баъзе соҳибкорон иддао доранд, ки имтиёз ба ширкатҳое дода мешавад, ки аз пуштибонии мақомот бархурдор ҳастанд.
Пеш омадани чунин вазъ ба ақидаи ин соҳибкорон, боиси ба вуҷуд омадани рақобатҳои носолим ва дар ниҳоят бар зарари иқтисоди кишвар тамом мешавад. Дар шумори чунин ширкатҳо, ки аз хориҷи кишвар бо имтиёз таҷҳизот ворид мекунанд, ин коршиносон исми ширкати пулчинии IRS ва «ТоҷИрон»-ро ном мебаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро баъзе ширкатҳои муайян аз андоз ва боҷ озоданд?
Некрӯй Забиров, раиси Иттифоқи тоҷирон ва соҳибкорони Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ вогузории имтиёзҳои вижа барои як гурӯҳи соҳибкорҳо иқлим ва фазои тиҷоратро номусоид месозад. Аз ин ҷост, ки давлат бо истифода аз фишангҳое, ки дар ихтиёр дорад ҳамеша ин ҷараёнро зери назорат мегирад ва бо татбиқи қонунҳои вижа барои ҳамаи соҳибкорон ва ширкатҳо шароити баробар фароҳам месозад:
«Русҳо мегӯянд, ки “Государство должно создавать единий правила игры для бизнеса.” Барои як қатор соҳибкорҳо як гуна имтиёзу барои дигар соҳибкорҳо дигар имтиёз нодуруст аст. Лекин давлат фишангҳо дорад. Вақте дид, ки рушди як соҳа назар ба дигар соҳа коҳиш меёбад, аз ин фишангҳо, аз ҷумла фишангҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ истифода мекунад.»
Аммо Мирзошариф Исломиддинов, иқтисодшиноси тоҷик аз онки барои як ширкати истеҳсолкунандаи семент чунин имтиёзҳо дода шудааст, истиқбол кард. Вай гуфт, ки ширкатҳое, ки ба маблағҳои зиёд таҷҳизот ворид мекунанд, ин ҳақро доранд, ки аз давлат барои кам кардани маблағ ва ё комилан напардохтани бархе аз анвои андоз ва боҷи гумрукӣ дархост намоянд:
«Проседураи пешниҳоди ин имтиёзҳо ниҳоят як кори мушкил аст. Пешниҳод мешавад, ҳукумат меомӯзад ба вазоратҳо пешниҳод мекунад, вазоратҳо хулосаи худро мегӯянд. Онҳо ҳам бояд ташаббус нишон дода пешниҳод мекарданд. Пешниҳод кардан даркор ва агар ҳукумат дастгирӣ накунад, вале ман бовар дорам, ки дастгирӣ меёбад, он вақт гуфтан даркор буд, ки барои чӣ «Тоҷирон» дастгирӣ карда шуд ва барои чи он корхонае, ки дар Масчо сохта мешавад, дастгирӣ намешавад.»