Дар Душанбе як нишасти илмӣ дар мавзӯъи рисолати зиёиён ва уламои динӣ дар дифоъ аз манофеи миллӣ шурӯъ шуд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, муовини сарвари маркази «Диалог» ва аз мубтакири ин нишаст мегӯяд, ҳадаф аз он баррасии нақши зиёиён ва уламои динӣ дар сиёсатҳо ва мухолифатҳои дохилии Тоҷикистон аст. Дар ин нишаст намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, Академияи улум ва уламои саршиноси дин дар Тоҷикистон ширкат мекунанд. Нишаст дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараён аст.