Корхонаҳо барқи арзон мехоҳанд. "Барқи тоҷик" чӣ?

Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи тоҷик"

Корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, то дар фасли тобистон нархи нерӯи барқро барои онҳо пойин бубарад.
Некрӯй Забиров, раҳбари Иттиҳодияи соҳибкорону содиркунандагони маҳсулот дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоле ки бо фарорасии фасли гармо рӯдхонаҳо сероб ва тавлиди барқ низ бештар мешавад, беҳтар мебуд, агар “Барқи тоҷик” нархи барқро поин бубарад ва дар афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар кишвар саҳм бигирад.

Ӯ гуфт, "соҳибкорони зиёде ба мо пешниҳод карданд, бигузор ҳукумати Тоҷикистон ширкати "Барқи тоҷик"-ро муваззаф кунад, ки нархи барқро дар тобистон барои корхонаҳои истеҳсолӣ арзон кунад. Мо пешниҳод дорем, ки нархи барқ дар тобистон танҳо барои ҳамон корхонаҳое, ки истеҳсоли онро ду маротиба афзоиш медиҳанд, 50 дарсад поён бурда шавад."

Некрӯй Забиров

Маҳмадхӯҷа Нарзуллоев, раҳбари шӯъбаи фурӯши барқи Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, гуфт, шояд пешниҳоди иттиҳоди соҳибкоронро рӯзҳои наздик баррасӣ кунанд ва фоидаву зиёни онро ҳам баркашанд: "Ин пешниҳод бо дарназардошти имконияту захираҳои гидроэнержӣ бояд баррасӣ шавад. Баъд дида баромадан лозим, ки оё ин ба фоидаи иқтисодиёт ҳаст, ё не ва агар бошад, ба вазъи молии "Барқи тоҷик" чӣ таъсир мерасонад."

Ҷаноби Нарзуллоев афзуд, дар ин шабу рӯз ширкати "Барқи тоҷик" вазъи ногуворе дорад ва дар пайи қарздориҳояш аз нерӯгоҳи "Сангтуда-1" наметавонад маоши кормандонашро саривақт пардохт кунад. Аз ин рӯ, мегӯяд ӯ, поён бурдани нархи нерӯи барқ вазъи бӯҳронии ширкати “Барқи тоҷик”-ро боз ҳам печидатар хоҳад кард.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Талаб аз "Барқи тоҷик": Ба мо барқи арзон диҳед!



Аммо коршиносони соҳа нокомиҳои ин ширкатро дар чанд соли ахир ба сиёсати нодурусти пешбурди кор дар “Барқи тоҷик” вобаста медонад. Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси соҳа ба ин назар аст, ки аз поён бурдани нархи барқ барои корхонаҳои истеҳсолӣ "Барқи тоҷик" зарар нахоҳад дид: "Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон хеле арзон меафтад. Гузашта аз ин, чанд сол қабл ҳамин ширкат бо нархи 1,5 маротиба арзонтар барқашро ба Узбакистон мефурӯхт. Магар ҳоло камтар ин нархро барои истеҳсолкунандагони ватанӣ арзон кунад, зарар мебинад? Зарар намебинад."

Ғуломиддин Сайфиддонов

Зафар Абдуллоев, иқтисоддони тоҷик бошад, аз набуди менеҷменти ҳирфаӣ дар ин ширкат мегӯяд: "Ҳарчанд ширкати "Барқи тоҷик" расман ширкати саҳомии давлатист, аммо дар асл ширкат комилан тобеи "Ориёнбонк" ва роҳбарияти он аст ва бинобар ин касе ҳам роҳбари ширкат набошад, вай мустақил нест ва наметавонад мушкилотро ҳал кунад. Ин ширкат бояд хеле муваффақ бошад. Ин ки ҳоло "Барқи тоҷик" қарз дорад, ин ҷинояти роҳбарони он аст, ки барои он бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда шаванд. Дар мавриди роҳбарияти ширкат бошад, забонам намегардад, Абдулло Ёровро менеҷер номам."

Пас аз хориҷ шудани Узбакистон аз шабкаҳои ягонаи барқии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон имкон надорад барқи изофиеро, ки дар мавсими тобистон истеҳсол мешавад, ба фурӯш барорад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар паёми ахири хеш ба порлумон дар ин маврид гуфт: "Мо тобистон барқи зидаётӣ дорем, аммо бозори фурӯш надорем. Танҳо порсол, ки солу хушксоливу камобӣ буд, ба миқдори 3,5 миллиард кв соат қувваи барқ обро партофтем."

Сар аз 1-уми аперел бо ризоияти ҳукумати Тоҷикистон ширкати "Барқи тоҷик" нархи барқро 20 дарсад боло бурд ва акнун корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба истиснои корхонаи алюминиюми тоҷик - "Талко" 1 кв соат нерӯи барқро бо нархи 26,63 дирам дарёфт мекунад. Дар шарҳи сабабҳои боло бурдани нархи барқ дар торнамои расмии ин ширкат омадааст, дар сурати боқӣ мондани нархҳои қаблӣ "пардохтҳои ширкат дар назди буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо, дар назди "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" ғайриимкон мегардад."