Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон, рӯзи душанбе гуфт, ширкати миллии нафту гази кишвараш аз ширкат дар тарҳи бунёди лӯлаи гази Набукко даст мекашад, ки Иттиҳодияи Аврупо муштоҷи иҷрои шудани ин тарҳ аст. Виктор Орбан дар шаҳри Брюссел гуфт, “Набукко дар бало гирифтор шудааст.” “МОЛ”- ширкати миллии нафту гази Маҷористон гуфтааст, “номуайяниҳои зиёде дар атрофи Набукко мавҷуд аст, ки онҳоро наметавон нодида гирифт.” Бар асоси тарҳо, лӯлаи гази Набукко бояд солона 31 миллиард метри мукааб гази табииро аз Баҳри Хазар ва эҳтимолан Ховари Миёна аз тариқи қаламрави Гурҷистон то ба Австрия расонад. Аммо бо вуҷуди ҳамоишҳои зиёду баҳсҳои тӯлонӣ дар бораи тарҳ дар солҳои гузашта, сохтмони лӯла шурӯъ нашудааст ва қарордоде ҳам имзо накардаанд. Тарҳи лӯлаи гази Маҷрои Ҷанубӣ, ки Русия пешниҳод кардааст, ду баробар тавонотар аз Набукко буда ва сохтмони он охири имсол шурӯъ мешавад. Маҷористон яке аз шарикон дар ин тарҳ аст.