Занони хонанишин. Қишре маҳрум дар ҷомеаи тоҷик

Зулфия, Зебо... Баъзан мақоми иҷтимоӣ номи онҳоро ба ҳамсари Иброҳиму модари Рустам иваз мекунад.
Тақрибан ҳама занони хонашини тоҷик зиндагии яксоне доранд. Онҳо дар тӯли 24 соати шабонарӯз хидмати аҳли хонавода, аз шавҳар сар карда то фарзандонро ба ҷо меоранд: ғизо омода мекунанд, либос мешӯянд, хонаро пок месозанд...

Бо ин ҳама заҳмати онҳо ё қадр намешавад ва ё ба чашми касе ҳам наменамояд. Гӯиё онҳо фақат барои фароҳам кардани шароити хуб барои ҳамсару фарзандон ва наздикони сершуморашон офарида шудаанд.

Дар гузориши соли 2010-уми вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар ин кишвар наздики 1,1 миллион зани хонашин ба сар мебаранд, ки аз аз 25 то 54-сола мебошанд.

Аз нигоҳи коршиносон, эҳтимоли рӯбарӯ шудан бо фақру камбизоатӣ дар муқоиса ба гурӯҳҳои дигари аҳолӣ ба занони тоҷик бештар таҳдид мекунад. Корри шабонарӯзии онҳо дар хонаро иқтисоди кишвар ба назар намегирад. Ин аст, ки онҳо ба гурӯҳи ҷамъияти ғайрифаъол дар ҳаёти иқтисодӣ шумурда мешаванд.

Саодат Олимова, коршиноси маркази омӯзиши афкори умум, мавсум ба "Шарқ" мегӯяд, занҳои хонашин ба тарбияи фарзандону нигоҳубини беморон ва афроди калонсоли оила машғул мешаванд. Дувум, онҳо ҳама "мавод"-и содиротии Тоҷикистон, яъне мардҳоро тавлид мекунанд, ки як қисми онҳо барои ба даст овардани маблағ ба Русия мераванд.

Нозирони вазъ мегӯянд, дар солҳои ахир дар пайи бекории афзун духтарони ҷавон маҷбур мешаванд, ки хеле барвақт ба як зани хонашин табдил ёбанд. Ин амал боиси аз таҳсил дур мондани духтарони тоҷик низ шудааст.

Моҳи сентябри соли 2011-ум вазорати маорифи Тоҷикистон аз он изҳори ташвиш карда буд, ки дар оғози соли хониш 5,500 наврас, асосан духтарон мактаби миёнаро тарк кардаанд. Ин дар ҳолест, ки пажӯҳишҳо мегӯянд, аз сатҳи саводу дониши духтарон, яъне модарон рушди насли ояндаи кишвар вобаста аст.

"Модарон дар бахши саводомӯзӣ аз падарон дида барои фарзанд муҳимтаранд. Агар падар профессор бошаду модар хонашин, фарзанди онҳо дар ин сурат танҳо маълумоти миёнаро мегиранд. Агар падар дар Русия мардикор бошаду модар соҳиби маъмулоти олӣ ва барои мисол муаллима бошад, ҳамаи фарзанди онҳо маъмулоти олӣ хоҳанд гирифт",-мегӯяд Саодат Олимова.

Муҳоҷирати кории мардони тоҷик ба хориҷа, махсусан Русия, аксар занҳои тоҷикро дар садри хонавода гузоштааст. Онҳо ночоранд, ки ҳамчун раҳбари хонавода бояд ҳар рӯз дахлу харҷи хонавода ва тарбияву таъмини хонаводаро барномарезӣ кунанд.

Барномаи минтақаӣ оид ба муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ ва Русия тарҳи ҳаракат ё савқ додани иҷтимоии хонаводаи муҳоҷирони кориро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, ки асосан занони хонашинро фаро мегирад. Заррина Урақова, муовини раҳбари ин лоиҳа мегӯяд, дар дар тӯли якуним соли пиёдасозии ин тарҳ 1650 нафар (4 %-и онҳо мардонанд) ба роҳ мондани тиҷорат, аз ҷумла тавлиди маҳсулоти шириро омӯхтаанд.

Аммо хонашинии занон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигар ҳам мушоҳида мешудааст. Бино ба пажӯҳишҳои мухталиф, аксари мардон ҷонибдори онанд, ки пулро ба хона мардон биёранду занон дар хона машғули кор бошанд. Барои мисол чунин ақидаро мардон дар Лаҳистону Беларус ва Олмон доштаанд.