60 тарҳи сармоягузории дар ҳоли иҷро

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, то рӯзи 1 апрел дар ин кишвар 60 барнома ба маблағи умумии 9,2 миллиард сомонӣ(1,93 миллиард доллар) дар ҳоли иҷро қарор дошт. 45 тарҳ бар пояи қарзу кумакҳои хориҷӣ иҷро шуда, танҳо 15 барнома муштарак бо давлати Тоҷикистон будааст. Бозсохти шоҳроҳҳои муҳими Душанбе-Хуҷанд –Чаноқ ва Душанбе- Ҷиргатол, бунёди нақбҳои Шаҳристону Шаршар ва Чормағзак ва эҳдоси чанд нирӯгоҳи хурду миёна аз тарҳҳои умдаест, ки дар ҳоли иҷро қарор доранд.