Бар асари боронгариҳои шаби 21-уми апрел як нафар дар ноҳияи Шӯрообод ва як тани дигар дар Мӯъминобод ҷони худро аз даст додаанд.
Як сокини деҳаи Тудании ин ноҳияи Шӯрообод бо номи Нурмат, шаби 21-уми апрел бар асари селхезӣ ғарқ шуд ва ҷасади ӯро танҳо субҳи рӯзи 22-юми апрел пайдо карданд.
Дар ҳамон шаб борони сел ҳамчунин ҷони Моҳшариф Каримова, сокини деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Мӯъминободро низ гирифтааст.
Ба гуфтаи сокинони маҳал, бар асари ин сел ҳамчунин даҳҳо сар чорпои мардум талаф шудаанд. Инчунин сели шаби 21-уми апрел бархе аз хонаҳо дар маҳаллаи Хатти роҳ, Содиқов, маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлобро қисман хароб кардааст. Ҳамчунин бинои автобазаи рақами 6-и Кӯлоб қисман тахриб шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукуматӣ маҳаллӣ барои санҷиши зарари расида ба сокинон, комиссия ташкил кардаанд.
Зимнан, дар пайи обхезӣ ва сели соли 2010 дар шаҳри Кӯлоб, беш аз 1500 манзили зист хароб шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Аммо барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ба мардуми осебдида кулли вазорату идораҳои кишвар вобаста шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи таҷлили иди истиқлол дар моҳи сентябри соли 2010, калиди бархе аз хонаҳои навро ба мардуми осебдида супурда буд.