САҲА таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳамла ба хабарнигори нашрияи “Уралская Неделя”, чопи Қазоқистонро талаб кардааст.
Шаби панҷшанбе (19-уми апрел) дар шаҳри шимолу ғарбии Уарлски Қазоқистон афроди номаълум бо силоҳи травматикӣ ва корд Луқмон Аҳмадёровро маҷрӯҳ намуданд. Дар гузашта Аҳмадёров бо иттиҳоми тӯҳмат ва ташкили гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат мавриди таъқиби мақомот қарор гирифтаааст.
Масъули озодии баён ва воситаҳои ахбори умуми САҲА Дуня Миятович изҳори умед намудаааст, ки ин ҳамлаи даҳшатбор мавриди таҳқиқи муфассал қарор гирифта, мақомот муайян мекунанд, ки оё ҳамла ба кори хабарнигории Аҳмадёров иртиботе дорад ё не?
Субҳи ҷумъа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муҳаррири “Уралская Неделя” Тамара Исломова (Тамара Еслямова) гуфт, ки дар қафаси синаи Аҳмадёров ҳашт захми корд ташхис шуда, бар илова ба сӯи ӯ ду дафъа аз силоҳи травматикӣ оташ кушодаанд.
Ҳамкорони Аҳмадёров мегӯянд, зоҳиран ҳамла ба кори хабарнигории номбурда иртибот дошта, шаби панҷшанбе ҳангоми сигоркашии ӯ дар назди хонааш ба вуқӯъ пайвастааст. Муҳаррири “Уралская Неделя” ба Озодӣ гуфтааст, ки ду рӯз пеш аз ҳамла ҳамсари Аҳмадёровро раҳбарони ширкати ҷои кораш ба назди худ даъват карда, тавассусти ӯ аз номи мақомот ба шавҳараш ҳушдор додаанд, ки ташкили гирдиҳамоиҳоро бас кунад.
Дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Уралск ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки феълан муфаттишон бо таҳқиқи қазия машғул буда, ду авбошро бо ин ҳамла муттаҳам мешуморанд. Муовини раиси идораи корҳои дохилии Уралск дар масъалаи кадрҳо Қуват Дуйсенгалиев гуфтааст, ки муовини раиси идораи умури дохилии Уралск Армон Муҳаммадёров ба ҷои ҳодиса рафтааст ва баъди чанде тафсилоти бештар хоҳад дод.
Аҳмадёров моҳи март ба радиои Озодӣ хабар дода буд, ки баъди даъват ба гирдиҳамоӣ, дар як рӯз полис ӯро се дафъа муттаваққиф намуда буд.