Паёми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар вокунишҳоеро дар миёни коршиносону соҳибназарон ба миён овардааст.
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили порлумон, Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, дар паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодӣ нукоте гуфта шуд, ки қобили истиқбол аст. Ҷаноби Кабирӣ ба таъкидҳо ва пешниҳодҳои раисиҷумҳур дар заминаи фароҳам овардани фазои муносиб барои соҳибкориро дар назар дорад.Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба он дошт, ки шароити фаъолияти соҳибкорон беҳбуд ёбад ва ба ин василаи сармоягузориҳои бештар ба иқтисоди кишвар ҷалб шавад.
Аммо аз назари раҳбари ҲНИТ, дар масъалаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар паӣми раисиҷмуҳур бештар умумигӯӣ ба назар расид ва аз тарҳу ташаббусу иқдоми мушаххас чизе садо надод. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, интизориҳо аз паёми раисиҷумҳур бештар аз он чӣ буд, садо дод.
Ӯ афзуд, бо он ки раисиҷумҳур таъкид кард, тамоми мушкилоти дохилӣ аз роҳи машварат ва гуфтугӯ бо ширкати намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳал хоҳад шуд, аммо мушаххасан кадом иқдоме эълон нашуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раҳбари ҲНИТ мегӯяд: "Мо борҳо таъкид кардем, ки муколамаи нави миллӣ ба роҳ монда шавад ва агар президент инро дар назар дошта бошад, пас мақомоти давлатӣ бояд чорабиниҳоеро дар ин замина рӯи даст бигиранд ва мардум эҳсос кунад, ки чунин иқдомоте сурат мегирад."
Раҳбари ҲНИТ бар ин аст, ки ҷомеа ҳамчунин дар бахши сиёсати хориҷӣ иқдомоти мушаххасеро интизор буд ва он афроде, ки ин гуна паёмҳоро омода мекунанд, бояд аз умумигӯӣ парҳез кунанд ва бештар сари корҳои амалии муайян ишора шавад.
Аммо Амриддин Шарифов, устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, дар паёми раисиҷумҳур устувории сиёсати хориҷӣ бори дигар собит шуд. Ба гуфтаи Шарифов, бо вуҷуди мушкилот дар муносибат бо давлатҳои коршарик, ки аксаран сунъӣ ва таҳмилӣ буданд, устувории сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин паём таъкид шуд.
Ба назари ин устоди бахши муносибатҳои байналмилалӣ, таъкид ба ҳамкориҳо бо Чин дар паёми раиси ҷумҳур хеле ҷолиб ба назар мерасад ва мешавад гуфт, ки ин то ҷое ҳушдор ба шарикони дигари Тоҷикистон аст. Зеро ба эътиқоди ҷаноби
Шарифов, Чин бо он ки аз кишварҳои абарқудрат дар минтақа ва ҷаҳон аст, ҳамчунин солҳои охир аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон аст ва таъкид ба ҳамкориҳо бо Чин ба маънии он аст, ки «ҷои муқаддас холӣ намемонад».
Аммо Ҳадяи Сафар, коршиноси масоили сиёсӣ паёми президент Раҳмонро идома ва ё шабеҳи паёмҳои солҳои қаблӣ медонад ва ба иҷро шудани онҳо шубҳа дорад: "Ин паём аз паёмҳои пешин ҳеҷ фарқияте надорад. Дар ҳоле, ки бояд паёмҳои раисиҷумҳур барои рушду нумӯи кишвар хизмат кунанд. Ҳама чиз имрӯз гуфта мешавад, аммо фардо ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Аз ин рӯ таъсири паём барои беҳбуди кишвар хеле ночиз аст."
Ин коршинос меафзояд, раисиҷумҳур 13-умин паёмашро ба порлумон ироа мекунад, аммо дар ин муддат оддитарин масъала -- таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ҳалли худро наёфтааст.
Ҷаноби Сафар бар ин аст, ки лаҳни паём дар масъалаи сиёсати хориҷӣ хеле оромона будааст ва раисиҷумҳур боз ҳам Русияро шарики страегии кишвар унвон кард. Дар ҳоле, ки ба таъкиди ин коршинос, таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки Русия дар нисбати шарики худ Тоҷикистон мавқеи норӯшанеро пеш гирифтааст. Ҳамагӣ се рӯз пеш аз паёми солонаи худ раисиҷумҳури Тоҷикистон аз бархӯрди Русия ба кишвараш гила карда буд ва мегуфт, бо вуҷуди имтиёзҳои истисноияш дар Тоҷикистон Русия ба ниёзҳои Душанбе посухи ҳамсанг намедиҳад.