Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ эҳтимолан қотилони зархаридро ҷалб мекард

Раҳбари Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ Луи Морено-Окампо гуфт, шаҳодати онро дорад, ки писари раҳбари кушташудаи Либия Муаммар Қаззофӣ барои куштори мардум қотилони зархаридро ҷалб мекард. Бо зикри ин аммо ӯ аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард. Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ талош дорад, ки Сайф-ул-Исломро ба Гаага барои мурофиа дар ин додгоҳ бигирад, вале ҳанӯз баъди боздошташ дар соли гузашта ӯ дар ихтиёри ҳукумати Либия боқӣ мемонад. Human Rights Watch гуфт, ки умедвор аст додситонҳои Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ барои таслим кардани Сайф-ул-Ислом ба Гаага ба Либия фишор хоҳад овард.