Бахши Ал-Қоида дар Ироқ масъулияти анҷоми сели таркишҳо дар саросари кишварро, ки рӯзи панҷшанбе боис ба ҳалокати беш аз 30 ва ҷароҳати беш аз 100 нафар шуд, ба ӯҳда гирифт. Созмони “Давлати исломии Ироқ” бо пахши гузорише дар вебсайти интернетии худ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе 14 бомбаро дар 10 шаҳри ироқӣ партоб карда, ҳоло дар оянда ният дорад силсилаи нави чунин ҳамлаҳоро анҷом диҳад. Ин яке аз пурқурбонитарин рӯзҳо дар як моҳи охири Ироқ гуфта мешавад.