Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 19-уми апрел як гурӯҳи 34-нафариро аз 8 то 28 сол ба зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Баррасии парвандаи ин афрод, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд буда ва ба узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) муттаҳам мешаванд, моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта буд.
Ҷӯрабек Шеров, раиси мурофиаи парвандаи ин 34 сокини Исфара мегӯяд, онҳо барои ҳамдастӣ дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар тӯли солҳои 2005-2009 гунаҳкор дониста шуданд.
Аммо бархе аз волидайни маҳкумшудагон мегӯянд, фарзанди онҳо таҳти шиканҷа ба "гуноҳ"-и худ иқрор кардаанд. Башорат Холиқова, модари Меҳрулло Саидов, ки ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст, гуфт, "писарам дар додгоҳ гуфт, ӯ фақат Қуръон мехонду панҷ вақт намоз, дигар аз ҳеҷ гапу кор хабар надорад. Ӯро бо баклашка (зарфи пластик)-и пури оби гарм ба фарқи сараш задаанд..."
Чанде аз вакилони дифои ин афрод ҳам гуфтанд, ки ҳукми додгоҳро мунсифона намешуморанд ва аз рӯи он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Абдусамад Тошматов, вакили мудофеи 4 нафар аз ин гурӯҳ, гуфт, додгоҳ нафарони зерҳимояҳояшро барои 9 сол паси панҷара фиристод, ҳол он ки онҳо аъзои иттиҳоди ҷиноӣ набуданд ва дар он фаъолият накардаанд. Ин вакили мудофеъ афзуд, "ҷурми онҳо фақат ин буд, ки аввалӣ ба афроди мусаллаҳи пинҳоншуда ғизо, дигарӣ бо хоҳиши як марди ҳамсояаш халтаҳои маводи таркандаро ноогоҳона ба онҳо расондааст."
Ин 34 сокини Исфара аз 18 то 55 сол дошта ва онҳоро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тобистони соли 2011-ум дастгир карда буданд. Як нафари онҳо бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда ва ба Хуҷанд интиқол ёфта буд.
Абдухолиқ Бобоев ба ҳайси раҳбари ин гурӯҳ, Сайдулло Абдухолиқов, Лутфулло Турсунов, Савридин Ҷӯраев, Давлат Шарифов ва дигарон чун аъзои қаторӣ муҷрим шинохта шудаанд. Қаблан додситонии Суғд гуфта буд, ин афрод аз миёнаҳои солҳои навадуми асри гузашта ба Ҳаракати Исломии Узбакистон пайваста, сокинонро ба шомил шудан ба ин созмон тарғиб ва роҳҳои ба даст овардани пул ва силоҳи оташфишонро ба хотири тақвияти фаъолияти ҲИУ ҷустуҷӯ мекарданд.
Додситонӣ ҳамчунин ин афродро дар ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати Қайроққум дар моҳи январи соли 2006-ум ва куштори Бобоҷон Гадойбоев, раҳбари ин муассиса ва гурезонидани Фатҳулло Раҳимов, яке аз раҳбарони маҳаллии ҲИУ, ҳамлаи мусаллаҳона ба як қисми низомӣ дар мавзеи Лаққони ноҳияи Исфара ва куштори се низомӣ муттаҳам медонист.
Ба қавли додситонии Суғд, онҳо инчунин дар тасарруфи 19 силоҳи Калашников, сӯиқасд ва қатли чанд корманди милиса ва шаҳрванди оддӣ, ҳамдастӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилӣ дар Хуҷанд дар тирамоҳи соли 2010 даст доштанд.