Рӯзи 19-уми апрел бозии дастаҳои "Равшан" (Кӯлоб) ва "Истиқлол" (Душанбе) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1-0 бар фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон имрӯз, 19-уми апрел, соати 16 бо бозии дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе оғоз ёфт.
Ин бозии марказии даври севум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад. Қабл аз шурӯъи бозӣ бар асоси регламент ё дастури мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон Суруди миллии кишвар садо дод.
Назари хонандагон дар бораи бозии "Равшан"-у "Истиқлол" дар Фейсбук
Дастаҳо бо чунин ҳайатҳо ба майдон омаданд:
“Равшан” (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Маъруф Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Сафаралӣ Каримов, Бенҷамин Аманква, Ҳусейни Моҳрухӣ, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов, Фаррухи Ҷӯрахон, Нӯъмон Ҳакимов, Фозил Сатторов.
Бозигарони эҳтётӣ: Баҳодур Шамсов, Фаридун Рустамов, Комрони Саидзод, Зариф Рустамов, Ҳикмат Расулов, Далер Шомуродов, Хуршед Каримов.
«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Саванқулов, Маҳмадалӣ Содиқов, Даврон Эргашев, Иброҳим Рабимов, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Юсуф Рабиев, Александр Кудряшов, Дилшод Восиев, Александр Франк.
Бозигарони эҳтётӣ: Акмал Сабуров, Эраҷ Раҷабов, Фирдавс Қурбонов, Саидҷон Саидраҳмонов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фирӯз Бобиев, Шаҳзод Сулаймонов.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Алишер Қараев (Шаҳринав), Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).
Дар мусобиқаи соли гузашта дар чаҳор бозӣ дастаи “Истиқлол”ғолиб омада буд. Бозии аввал дар Душанбе бо ҳисоби 1:0, бозии дуюм дар Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 ва бозии севум дар Душанбе бо ҳисоби 4:0 поён ёфта буд. Азбаски “Равшан” ба бозии охирин ҳозир нашуд, “Истиқлол” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб гардид.
Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами меҳмонон шурӯъ шуд. Дар дақиқаи 7-уми Иброҳим Рабимов бо дарвозабони мизбонон Рустам Ризоев як ба як баромад, вале дарвозабон тӯбро аз хатти майдон берун намуда, дарвозаашро аз гол эмин дошт.
Дақиқаи 10-уми бозӣ ҷараён дорад. Ҳисоб 0:0.
Дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб ҳазорон мухлис ҷамъ омадаанд, вале ҳанӯз ҷойҳо дар қисмати шимолу ҷануби варзишгоҳ холист.
Дар дақиқаи 11-ум, пас аз зарбаи Александр Кудряшов тӯб ба Маъруф Рустамов бархӯрд.
Дақиқаи 15-уми бозӣ ҷараён дорад. Бозӣ ҳоло дар нимаи майдон сурат мегирад, вале ҳисоб ҳамоно боз нашудааст. Дар ҳамин лаҳза Фозил Сатторов, ҳамлагари "Равшан" бо дарвозабон Алишер Тӯйчиев як ба як баромад ва дарвозабони "Истиқлол" пешдастӣ карда, тӯбро дошт.
Дар дақиқаи 21-уми бозӣ Ҳасан Рустамов ("Равшан") муқобили Маҳадалӣ Содиқов дағалона бозӣ кард ва сардовар Диловар Орзуев ба ӯ корти зард дод. Ҳисоб 0:0.
Дар дақиқаи 27-ум Бенҷамин Аманква, легионери африқоӣ аз Гана (“Равшан”) барои ахлоқи ғайриварзишӣ корти зард гирифт. Бозӣ бо бартарии меҳмонон давом дорад. Вале онҳо аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда наметавонанд. Бинобар ин, ҳисоб то ҳол боз нашудааст.
Дар дақиқаи 30-юм баъд аз зарбаи сахти Даврон Эргашев (“Истиқлол”) аз масофаи тахминан 30 метр тӯб аз болои дарвозаи меҳмонон гузашт.
Дар дақиқаи 32-юми бозӣ мухлисони дастаи “Равшан” футбюолбозони дастаро ба пеш ҳидоят мекунанд, вале кори мизбонон барор намегирад.
Дар дақиқаи 34-ум Дилшод Восиев аз самти рост тӯбро ба дарвоза зад ва Рустам Ризоев онро аз майдон берун кард. Зарбаи кунҷӣ.
Бозигарони дастаи "Равшан" дағалона бозӣ мекунанд. Онҳо Александр Кудряшовро лат доданд ва сармураббии "Истиқлол" Никола Кавазович маҷбур шуд, ки дар дақиқаи 42-юми бозӣ ӯро бо Эраҷ Раҷабов иваз намояд. То анҷоми вақти асосии қисми аввали бозӣ 3 сдақиқа мондааст ва ҳисоб ҳамоно 0:0.
Сардовар ба замони асосии нимаи аввали бозӣ чаҳор дақиқа вақти иловагӣ таъйин кард.
Дар дақиқаи аввали вақти изофӣ Ҷаҳонгир Ҷалилов ("Истиқлол") муқобили рақибаш дағалона бозӣ кард ва огоҳӣ гирифт.
Садои ҳуштаки сардовар аз анҷоми қисми аввали бозӣ дарак дод. Дастаҳо бо ҳисоби 0:0 ба танаффус баромаданд. Ҳоло истироҳат!
Қисми дувуми бозӣ шурӯъ шуд ва умедворем, ки футболбозон бо голҳои зебояшон хотири ҳаводорони худро шод мекунанд.
Дар қисми дуюм дар ҳайати дастаҳо ҳоло тағйироте нест. Дар дақиқаи 49-ум Александр Франк, писари собиқ бозигари дастаи "Помир" Александр Азимов, зарбаи ҷаримавӣ зад ва тӯбро дарвозабон "Равшан" дошт.
Дақиқаи 60-уми бозӣ давом дорад. Ҳисоб 1:0 ба фоидаи “Равшан” аст. Варзишгоҳи марказии Кӯлоб қариб аз мухлисон пур шуд. Тахминан 10-12 ҳазор нафар ин бозиро тамошо доранд.
Дар дақиқаи 61-уми Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан” имкони афзун намудани ҳисобро дошт, вале дарвозабон Алишер Тӯйчиев тӯбро бо пояш зада баргардонд ва дастаашро наҷот дод. Дар бозии меҳмонон баъд аз гол бесарусмонӣ ба назар мерасад.
Дар дақиқаи 66-ум Иброҳим Рабимолро Фатҳулло Фатҳуллоев аз тими “Истиқлол” иваз кард.
Дақиқаи 70-ум. “Истиқлол” бо ба дарвозаи рақибаш ҳуҷум мекунад, вале кори меҳмонон омад намекунад. “Равшан” бо як голи задааш дар пеш аст.
Дақиқаи 76-ум. Дар дастаи “Истиқлол” охирин бозигар иваз шуд. Ба ҷои Фирдавс Қурбонов ба майдон Ҷайҳонгир Ҷалилов омад.
Дақиқаи 79-ум. Фозил Сатторов (“Равшан”) корти зард гирифт.
То анҷоми вақти асосии қисми дувуми бозӣ 8 дақиқа мондааст. Мизбонон вақтро кашол медиҳанд. Ва ин лаҳзаҳо аз ҷониби сардовар ба назар гирифта хоҳад шуд.
Дар дақиқаи 86-ум миёни бозигарони ҳарду даста каме муноқиша шуд. Баъдан боз аз нав бозӣ идома кард. То анҷоми вақти асосӣ ду дақиқа мондааст.
Сардовар шаш дақиқа вақти иловагӣ ба замони асосии қисми дувум таъйин кард.
Дар дақиқаи 90+2 Ҳикматулло Расуловро Фозил Сатторов аз тими "Равшан" иваз намуд. Мизбонон торафт ғалабаашонро наздик мекунанд.
Дар дақиқаи 90+4 боз як бозигар иваз шуд. Ба ҷои Эраҷ Холов Зариф Рустамов омад.
Ҳамин тариқ, голи ягонаи Ҳусейн Моҳрухӣ бозиро бо ғалабаи “Равшан” бо ҳисоби 1:0 анҷом дод.
“Равшан” бо шаш имтиёз дар ҷадвали мусобиқа якбора панҷ зина боло шуд ва алъон дар ҷои дувум қарор дорад.
Пешсафи ҷадвал “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода низ шаш имтиёз ба даст овардааст, вале таносуби тӯбҳояш нисбати кӯлобиҳо беҳтар аст. Инчунин як бозӣ кам анҷом додааст.
“Истиқлол” бо чаҳор имтиёз дар зинаи панҷум қарор дорад. Дастаҳои “Хуҷанд” ва “Хайр” низ чоримтиёзӣ ба даст овардаанд ва таносуби тӯбҳояшон нисбат ба “Истиқлол” беҳтар аст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Голзанҳои беҳтарин: Аҳтам Ҳамроқулов (Регар-ТадАЗ), Габриэл Донто (“Энергетик”) ва
Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”) - 3-голӣ, Дилшод Восиев, Юусуф Рабиев (ҳарду - “Истиқлол”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) - 2-голӣ.
Даври 3-юм
21-уми апрел (шанбе)
«Гвардия» - «Зарафшон». Варзишгоҳи "Политехникум", Душанбе.
«Энергетик» - «Истаравшан». Варзишгоҳи "Автомобилист", Душанбе.
22-юми апрел (якшанбе)
«Хайр» - «Ҳосилот». Варзишгоҳи "Хайр", Ваҳдат.
ССКА «Помир» - «Вахш». Варзишгоҳи "Политехникум", Душанбе.
«Парвоз» - «Хуҷанд». Варзишгоҳи "Фурудгоҳ", н. Бобоҷон Ғафуров.
Оғози бозиҳо – соати 16.

Дар дақиқаи 54-ум Ҳусейни Моҳрухӣ, легионери эронии кӯлобиҳо тӯби аз самти рости майдон ҳавододаи Эраҷ Холовро бо сар вориди дарвозаи "Истиқлол" кард. Ҳисоб кушода шуд 1-0 ба фоидаи мизбонон.

Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
«Регар-ТадАЗ” |
2 |
2 |
0 |
0 |
7-1 |
6 |
2. |
«Равшан” |
3 |
2 |
0 |
1 |
4-3 |
6 |
3. |
«Хуҷанд” |
2 |
1 |
1 |
0 |
6-3 |
4 |
4. |
«Хайр” |
2 |
1 |
1 |
0 |
5-2 |
4 |
5. |
“Истиқлол” |
3 |
1 |
1 |
1 |
5-3 |
4 |
6. |
ССКА “Помир” |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-1 |
3 |
7. |
“Вахш” |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
8. |
“Истаравшан” |
2 |
1 |
0 |
1 |
4-5 |
3 |
9. |
«Энергетик” |
2 |
0 |
2 |
0 |
4-4 |
2 |
10. |
«Зарафшон” |
2 |
0 |
1 |
1 |
2-4 |
1 |
11. |
“Парвоз” |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-5 |
0 |
12. |
“Ҳосилот” |
2 |
0 |
0 |
2 |
2-7 |
0 |
13. |
“Гвардия” |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-7 |