Ҳаждаҳуми апрел ба унвони Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ пазируфта шудааст.
Аммо дар Тоҷикистон барои бори нахуст аз ин иди касбӣ бо баргузории маҳфилҳои идонае дар мавзеъҳо ва мамнӯъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ таҷлил ба амал меоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 2020 адад ёдгории таърихиву фарҳанг ва меъморӣ мавҷуд аст.
Музаффар Азизов, сардори Раёсати ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин кишвар тааҳҳудоти байналмилалии худро дар ин замина риоят мекунад.
Вай гуфт, «аз лиҳози таҳияи асноди байналмилалӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъмории Тоҷикистон ҷавобгӯйи талабот аст. Мо ҳам қонун дорем ва ҳам санадҳои зарурӣ, ки ҳатто дар бархе аз ҷумҳуриҳо ин гуна санадҳо қабул нашудааст. Масъалаи тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар муддати 20 соли истиқлол, 36 ёдгорӣ тармиму бозсозӣ шуд, ки ин рақам дар даврони шӯравӣ 26 ададро ташкил медод. Ҳамакнун барномае, ки аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, тармиму барқарории 43 ёдгории дигарро дар назар дорад, бояд муддати 9 соли оянда ин кор амалӣ шавад.
Радиои Озодӣ: Пас метавон гуфт, ки дар заминаи ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ мушкиле вуҷуд надорад?
Музаффар Азизов: Албатта дар масъалаи истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ каме камбудиҳо ҳастанд. Чун ин масъаларо ба пуррагӣ ҳал накардаем. Зеро ҷалби туризми байналмилалӣ аз иҷрои ин корҳо вобастагии зиёде дорад.
Радиои Озодӣ: Аммо дар чандсолаи ахир, бархе аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ ба нестӣ рафтанд, бале?
Музаффар Азизов: Бале, дар ибтидои солҳои 1990-ум дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ёдгориҳо хароб карда шуданд. Дар ин замина мо иқдомотеро амалӣ кардем ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қудратӣ дар ноҳияи Ҷиликӯл, Қалъаи Шодик, ки ба асри 2 пеш аз милод тааалуқ дорад аз тасарруфи яке аз раисони хоҷагии деҳқонӣ пас гирифта шуд. Қарори ҳукумати ноҳия дар ин бора бекор ва шахсони гунахкор ба муҷозот кашида шуданд. Ҳамчунин дигар ёдгорӣ дар шаҳри Панҷакент, ки мадрасаи Олимдодхоҳро, ки соли 1991 тасарруф шуда буд, танҳо пас талошҳои 10- 11 сола дубора баргардондем. Ин гуна вазъият дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида расида буд ва дар маҷмӯъ шумораим онҳо ба 100 адад мерасад. Баъзе ин ёгориҳо барои истифодаи қабристон ва баъзеи дигар масолеҳи он барои сохтмон гирифта шуда ва дар ниҳоят нобуд шуданд.
Радиои Озодӣ: Муддати 20 соли истиқлол ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки танҳо як ёдгорӣ ва он ҳам Саразм,дар Панҷакентро вориди феҳрасти ЮНЕСКО гардонад. Чаро Тоҷикистон дар ин муддат натавонист ёдгориҳои бештареро таҳти ҳимояти ин созмони бонуфуз гардонад?
Музаффар Азизов: Саабабҳо гуногун аст. Аммо мо нахустин бор ба чунин коре дар сатҳи байналмилалӣ даст задем ва албатта таҷриба надоштем. Талаботҳое, ки ЮНЕСКО барои ворид кардани ёдгорӣ ба феҳрасти ин созмон дорад, барои мо хеле гарон ҳастанд. Барои кишварҳои пешрафта ин талаботҳо нисбатан осонтар аст. Дар ин кор масоиле аст, ки барои мо даст дод, то дар муддати чанд сол онро омӯзиш кунем. Ба ин далел аз соли 2000 ёдгории Саразмро мавриди назар қарор додем ва дар ниҳоят ин мавзеи бостонӣ таҳти ҳимояти ЮНЕСКО қарор гирифт.
Радиои Озодӣ: Ҳамакнун барои ворид шудан ба феҳрасти ЮНЕСКО кадом ёдгории Тоҷикистон дар навбат аст?
Музаффар Азизов: Ҳоло ёдгории таърихии Қалъаи Ҳулбук барои шомил шудан ба феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод шудааст ва мутахассисони мо таҷриба пайдо карданд ва тамоми маълумот, санадҳои зарурӣ, аксу нақшаи лозимиро дар 140 саҳифа таҳия ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карданд. Ҳар ду сол бояд як ёдгорӣ пешниҳод шавад. Ҳоло, ки санадҳои лозимии Ҳулбукро пешниҳод кардем, баъди он Қалъаи Ҳиссорро, ки таърихи 3 ҳазорсола дорад, пешниҳод мекунем. Умедворем, дигар ёдгориҳо низ асноди зарарияшон таҳия ва пешниҳод шавад ва дар солҳои наздиктарин ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мо вориди феҳрасти ЮНЕСКО гарданд.