Посухи сокинон бар суоли "Озодӣ" дар ин бора, ки "абарқудратҳо аз Тоҷикистон чӣ мехоҳанд?" яксон нест.
Бархе аз назардиҳандагон мегӯянд, "мо набояд шефтаи муносибат ва лутфи абарқудратҳо шавем", дар ҳоле ки ба бовари онҳо, "ҳар абарқудрате ба дунболи манофеи худ аст."
Иддае дигар пешниҳод мекунанд, ки Тоҷикистон дар муносибат бо абарқудратҳои Тоҷикистон қабл аз ҳама манфиатҳои миллии ин кишварро дар ҷои аввал бигузорад. Яке аз назардиҳандагон гуфт, "ҳамаи кишварҳо бар асоси манфиатҳои миллӣ робитаҳояшонро бо дигар кишварҳо барои рушд, пешрафт ва иқтисоди худашон танзим мекунанд."
Бархеи дигар ба ин боваранд, Русияи як замон абарқудрат, ки ҳоло нуфузи худро дар кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон аз даст додааст, дунболи эҳё ва ё ҳадди ақал ҳифзи нуфузи худ аст. Онҳо ҳузури Амрико дар минтақаро барои фишори ҳар чӣ бештар ба ҳарифи худ Чин маънидод мекунанд, ки имрӯз дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузури чашмгире дорад.
Иддае ҳам ба ин назар ҳастанд, ки ин кишварҳо дунболи ҳадафе ҷуз ҳамкориҳои судманд нестанд, чун Тоҷикистон ҳоло кишвари озод ва мустақил ҳаст ва ҳаққ дорад муносибатҳои худро ба ҳар кишваре бихоҳад, барқарор намояд.
Бархе ҳам ҳузури Чини "ғӯлпайкар"-ро, ки дар ҳама ҷо аз бозор то сохтмони роҳҳову биноҳо ба таври рӯшан эҳсос мешавад, мусбат арзёбӣ мекунанд.
Ба назари иддае аз пурсидашудагон, "мавқеияти муҳими геополитикии Тоҷикистон, далели ҳузури ин абарқудратҳо буда, моро ҳушёрии сиёсӣ мебояд то дар ин гиру дор қурбони ҳадафҳои абарқудратҳо нашавем."
Корбарони азиз, Шумо низ ин наворро бубинеду агар дар ин робита гуфтаниҳое доред, дар миён бигузоред.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад