САҲА: Ҳимоят аз чораҳои амниятии Осиёи Марказӣ

Дар ҳамоише дар Вена масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Дар шаҳри Вена ҳамоиши дурӯзае ба поён расид, ки дар он масъалаҳои амният дар марзҳои Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд. Ҷером Бойжу, раиси департаменти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар масъалаҳои марбут ба таҳдидҳои фаромиллӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба натиҷаҳои нишаст гуфт, ки ширкаткунандагони конфаронси Вена изҳор доштаанд, ки аз талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва инсон ва ҳамчунин густариши терроризм пуштибонӣ хоҳанд кард.

Дар ин ҳамоиш вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, бо ишора ба мусодираи миқдори зиёди силоҳу маводи мухаддир ва беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014-ум пешниҳод кард, аз ҳисоби силоҳу лавозимоти Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ё ISAF (International Security Assistance Force from Afghanistan) имконоти дифоии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият дода шавад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Карл Ҳейнтс Грюндбоек (Karl Heintz Grundboeck) сухангӯи Вазорати федералии корҳои дохилии Австрия гуфт, ҳайатҳои баландпояи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Русия, ИМА ва як идда

Рамазон Раҳимов

кишварҳои манфиатдор дар изҳороти ниҳоии нишасти даҳуми гурӯҳи Ташаббускори Амнияти Марзҳои Осиёи Марказӣ ё ба истилоҳ САВSI (Central Asia Border Security Initiative), ки рӯзи сешанбе дар Вена ба тасвиб расид, аз ин пешниҳод ва чанд ташаббуси дигар дастгирӣ намуданд: “Иштирокчиёни конфронс ба аҳамияти иқдомҳои ҳамоҳангшуда дар рушд ва иҷрои ташаббусҳои байналмилалӣ дар таҳкими марзҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар барномаҳои эҷодкунандаи эътимод ва тақдими кумак ба кишварҳои минтақа таъкид карданд."

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Австрия ҳамчунон хотирнишон кард, ки дар нишасти рӯзи сешанбе ҳайати расмии паймони НАТО ширкат надошт. Эҳтимол аксуламали паймон дар оянда дастрас шавад. Вале дар нишасти даҳуми Ташаббуси амнияти марзҳои Осиёи Марказӣ ҳайати САҲА ҳузур дошт ва дар як сӯҳбати телефонӣ аз Ҷером Бойжу коршиноси таҳдидҳои фаромарзӣ дар САҲА пурсидам, ки САҲА дар ин маврид чӣ ёрмандиеро дар мадди назар дорад?

Ҷером Бойжу: “Ёрмандӣ маҳдуд хоҳад буд ва дар шакли таъмини ниёзмандиҳои мулкӣ тақдим мешавад. Ман дар назар дорам, ки мо афсаронро таълим медиҳем, таҷҳизоту инфраструктураи постгоҳҳои марзиро таъмин мекунем. Ҳамчунон таҷҳизоте хоҳем фиристод, ки ҳаракат дар хатти марзро ташхис намояд. Мо ҳозирем ҳамин чизро тақдим кунем ва ҳозирем ин масъаларо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миён гузорем. Вале нақши ҳамчун САҲА танҳо бо кумаки мулкӣ маҳдуд мешавад. Дар мавриди ёриҳои низомӣ САҲА ҳаққи сӯҳбат надорад."

Нишасти Венаро дар канори ҳукумати Австрия Иттиҳодияи Аврупо, Муассисаи Рушди СММ (UNDP), Муассисаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва маводи мухаддири СММ (UNODC) ва САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) сарпарастӣ карданд, ки ҳамагӣ дар Осиёи Марказӣ барномаҳои хосе ба хотири беҳбуди назорати марзҳо, тамрини афсарон ва таъмини марзбонону ниҳодҳои марбут бо таҷҳизоти зарурӣ саҳм гирифтаанд. Дабири кулли САҲА Ламберто Занниер иброз дошт, ки кишварҳои минтақа дар воқеъ метавонанд ҳамчун дарвозаи ҳамкориҳои САҲА бо Афғонистон хидмат кунанд ва дар ин замина кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дар баробари таъмини амният рафтуомади озоди афрод ва тиҷоратро ташкил кунанд.

Раиси ҳайати UNDP хонум Ребека Гринспан гуфт, назму суботи минтақа фақт дар ҳоле рушд мекунад, ки марзҳо амну боз бошанд. Замоне марзҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистонро Иттиҳоди Шӯравӣ бо чархболу таҷҳизоти замонавӣ назорат мекард, вале аз он вақт то имрӯз вазъ хеле тағйир ёфта, таҷҳизот кӯҳна шуда, баъзан марзбонон фақат пои пиёда марзро назорат мекунанд.

Коршиноси амниятии САҲА Ҷером Бойжу дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣгуфт, мушкил миёни марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ кам нест, зеро дар баъзе ҳолатҳо хатти марз ва муайян нест ва аломатгузорӣ ҳам нашудааст. Ба ҷаноби Бойжу хотирнишон кардам, ки тахминан даҳ сол инҷониб Узбакистон марзаш бо Тоҷикистонро минагузорӣ карда, то ҳанӯз ягон созмон ва аз ҷумла САҲА муваффақ нашудаанд, ки ин мушкили марзиро ҳал кунанд. Ӯ бо эҳтиёти хос ба дипломатҳо гуфт:
“Ман намехоҳам дар бораи бахшҳои алоҳидаи марзҳои кишварҳои мушаххас сӯҳбат кунам. Воқеан ин марзҳо баъзан, бо душворӣ ҳифзу назорат мешаванд. Аввалан, сабабҳои ҷуғрофӣ дорад, баъдан, марз аломатгузорӣ нашудааст.Ҳамчунон ҷои ёдоварист, ки раҳбариву назорати марзҳо дар баъзе кишварҳо аз ҳам фарқ дорад."

Аммо мушкилиҳо бо ин ба охир намерасад. Чанд моҳ пеш Узбакистон бахше аз роҳи оҳани миёни вилояти Сухондарёи Узбакистон ва ҷануби Тоҷикистонро аз байн бурд. Хуллас, нигарониии марзбонони тоҷик аз ҳамсоякишвари Узбакистон воқеӣ аст, хавфи ноором шудани марз бо Афғонистон баъди соли 2014-ум бошад, як дурнамои начандон возеҳ.