ҲНИТ аз раёсати ҷумҳурӣ шарҳи протоколро мепурсад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)

Вакилони ҲНИТ дар порлумон ин бор ба хотири дарёфти нусхаи асли протоколи пурмоҷаро ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард.
Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) имрӯз, 17-уми апрел, дар ҷаласаи Шӯрои сиёсиаш аз мӯҳтавои номаи додситонии кулл ба дархости вакилони ин умдатарин ташаккули мухолифон изҳори ноқаноатмандӣ кардааст.

Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори Шӯрои сиёсӣ ин шуд, ки вакилони ҳизб ин бор ба хотири дарёфти нусхаи асли он протоколи пурмоҷаро бо номаи расмӣ ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ муроҷиат кунанд. Ҷаноби Кабирӣ гуфт, онҳо дархости худро ҳафтаи оянда, баъд аз ироаи паёми солонаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ирсол хоҳанд кард.

"Набояд аз ин масъала ҳангома тарошид ва мо бояд тибқи қонунҳои Тоҷикистон рафтор кунем. Метавон дар асоси мактуб ва муроҷиатҳои расмӣ нусхаи аслиро дарфёт кард ва ба иттилои ҷомеа расонд, то нигарониҳо рафъ шавад",-илова кард ӯ.

Додситонии кулл дар номааш баргузории ҷаласаи ниҳодҳои амниятӣ дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 24-уми ноябри соли 2011-ро эътироф кардааст, вале мегӯяд, протоколи 32-20, ки аз ин ҷаласа торнамои русии "Звезда.Ру" нашр кард, воқеият надорад.

Додситонӣ ҳамин тавр, номаи супоришии дар матбуот нашршудаи вазорати умури дохилӣ ба ниҳодҳои поёниашро низ "тақаллубӣ" унвон карда, вале ирсоли чунин нома аз сӯи додситонии кулл ба додситониҳои маҳаллиро таъйид кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кабирӣ: "Фишор болои ҳизб дар моҳҳои ахир зиёд буд"



Бино ба нусхаҳои протоколе, ки "Звезда.Ру" нашр кард, дар он ҷаласа ба мақомоти амниятиву интизомӣ амр шудааст, ки манобеи молии ҲНИТ-ро муайян ва бо фаъолони ин ҳизб дар маҳаллҳо ба хотири ташвиқи онҳо ба тарки ин гурӯҳи сиёсӣ "кор" кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар сӯҳбати ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ гуфт, агар дар воқеъ исбот шавад, ки "чунин як тасмими ғайриконститутсионӣ ва мухолиф ба созишномаи сулҳ" гирифта бошанд, вокуниши ҳизби ӯ мутобиқ ба ин аъмоли ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "дар ин се-чаҳор моҳи ахир фишорҳо болои ҳизб зиёд буд. Таҳқиқоту санҷишҳо ба роҳ монда шуда буд. Вале инсофан бояд гуфт, дар ду-се ҳафтаи охир ин фишорҳо болои ҳизб камтар шудаанд..."