Ширкати "Узтрансгаз" дар торнамои худ навишт, аз рӯзи 16-уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро оғоз намудааст.
Бино ба хабари "Узтрансгаз", рӯзи 11-уми апрели соли ҷорӣ миёни ин ширкат ва "Тоҷиктрансгаз" қарордод имзо ва интиқоли газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон рӯзи 16-ум аз сар гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории Ройтерз аз қавли намояндаи ширкати "Тоҷиктрансгаз" менависад, ки қарордоди мазкур интиқоли 155 миллион метри мукааб газ ба Тоҷикистонро то охири соли ҷорӣ дар назар дорад. Бар асоси ин қарордод, Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри мукааб газ 264 доллар пардохт хоҳад кард. Ин манбаъ бидуни ишора ба тафсилоти бештар гуфтааст, нархи шартнома дар давоми сол метавонад вобаста ба ҳолати бозор тағйир биёбад.
Қатъи интиқоли газ сар аз 1-уми апрел иқтисоди Тоҷикистонро ба хатар рӯбарӯ сохт ва бархе аз корхонаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла корхонаи сементбарорӣ аз фаъолият бозмонд ва ширкати алюминиюми Тоҷикистон ҳам дар вартаи хатар қарор гирифт.
Дар семоҳаи аввали соли 2011 Тоҷикистон моҳона аз Узбакистон 15 миллион метри мукааб газ ворид мекард, ки баробар ба 10 дарсад истихроҷи рӯзонаи газ дар ин кишвар мебошад.
Хабари азсаргирии интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистонро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як манбаъ дар мақомоти корхонаи Талко низ тасдиқ кард, аммо афзуд, то ба ҳол санади ниҳоӣ дар ин маврид ба имзо нарасидааст.
Ин дар ҳолест, ки коргарони ширкати Талко дар як номаи дастаҷамъӣ аз мақомоти зидахли Узбакистон хоста буданд, то дар масъалаи аз сар гирифтани интиқоли газ мусоидат намоянд. Талко корхонаи хурди истихроҷи газ аз ангиштро ҳам озмоиш карда, вале гуфта буд, ин корхонаи хурд наметавонад миқдори лозимии газро, ки ширкат дар фаъолияти ҳаммарӯзаи худ ниёз дорад, бидиҳад. Корхонаи алюминиюми тоҷик солона 45-50 миллион метри мукааб газ истифода мекунад.
Тоҷикистон дар соли 2012-ум аз Узбакистон бояд 200 миллион метри мукааб газ ворид мекард, вале ҷониби Узбакистон дар оғози моҳи апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ намуд.
Раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" амалкарди ҷониби Узбакистонро ба иҷрои қарордоди интиқоли гази ин кишвар ба Чин марбут дониста буд, ки аз аввали моҳи апрел оғоз шудааст. Дар аввали соли ҷорӣ низ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ карда ва танҳо ба дунболи сафари ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд ва имзои созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 5-уми январ мушкил рафъ гардид.
Қатъи интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба фаъолияти корхонаҳои бузурги Тоҷикистон халали ҷиддӣ ворид кардааст. Аз ҷумла, корхонаи сементбарорӣ - "Тоҷиксемент" ба ин далел фаъолияти худро қатъ намуда ва коргаронашро ба таътил фиристод. Илова бар ин, 131 корхонаи саноатии Тоҷикистон, ки қаблан тавассути газу барқ фаъолият мекарданд, ба истифодаи ангишт гузаштанд.
Ҳарчанд ширкати Талко дар пайи қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон ба ин корхона машғули кашонидани ангиштсанг аз кони "Зиддӣ" дар Варзоб буд, аммо масъулони он борҳо эълом доштаанд, ки мунтазири натиҷаи музокиротанд.
Талко бузургтарин корхонаи санъатии минтақа ва яке аз даҳ корхонаи муҳимтарини тавлидкунандагони алюминий дар ҷаҳон мебошад. Ин корхона солона имкони тавлиди то 450 ҳазор тонна алюминийро дорад. Содироти алюминий 60 дарсади ҳаҷми умумии содироти моли Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Масъулони Талко иддао мекунанд, ки воридоти аслии арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон аз содироти алюминий ба даст меояд. Аммо роҷеъ ба масрафи даромади ин корхона ва мизони молиёт (андоз)-и он баҳсу гуфтумон ва шубҳаву гумони зиёде дар расонаҳо вуҷуд дорад.