В.Собкалов: "Роҳи оҳанро худсарона канданд"

Қитъаи тахрибшудаи роҳи оҳан тавассути Узбакистон.

Гуфтугӯ бо Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон.
Радиои Озодӣ: Ҳафтаи равон яке аз шунавандагони радиои Озодӣ акси порчаи роҳи оҳани Тирмиз-Қурғонтеппаро ба мо фиристод, ки дар он релсҳо кандаву фақат изи роҳи оҳан боқӣ мондааст. Оё шумо низ ин аксро дидаед?

Собкалов: “Аксро надидаам, вале онҳо худсарона, бидуни кадом огаҳие роҳи оҳанро канданд. Ман намедонам, онҳо чанд километрро кандаанд. Аз ҷониби мо ба он ҷо касеро роҳ намедиҳанд, ба таври махфӣ бозсозие ташкил кардаанд. Тибқи қонун онҳо бояд роҳи оҳани ҳамсояро пешакӣ дар ин бора огаҳ мекарданд. Худсарии комил дар равобити байналмилалӣ ва бехатарии роҳи оҳан мебошад. Хуллас, ман ҳеҷ иттилое дар бораи тасмимҳои онҳо надорам.”

Радои Озодӣ: Тоҷикистону Узбакистон аъзои Шӯрои роҳи оҳани Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ мебошанд. Оё тавассути ин созмонҳо таъсир накардед?

Собкалов: “Бале, Шӯрое зери раҳбарии раиси роҳи оҳани Русия Владимир Якунин вуҷуд дорад. Мо ҳам тавассути Якунин, ҳам мустақиман бо сарвазири Узбакистон ва раиси роҳи оҳани ин кишвар ва дигар ниҳодҳои марбут бо ҳадафи ҳалли мушкилӣ ба онҳо муроҷиат кардаем, вале ба мо ҳатто посух надодаанд.”

Радиои Озодӣ: Яъне шумо ҳам умеди худро кандаед. Пас сарнавишти он садҳо вагон бори дармонда чӣ шудааст?

Собкалов: “ Не, мо дигар интизор нестему борҳоро оҳиста-оҳиста ба маркази ҷумҳурӣ интиқол додем. Ҳозир дар он ҷо ҳамагӣ 18 вагон мондааст.”

Радиои Озодӣ: Шумо метавонед гӯед, ки ин амал чӣ зиёне дар пай дорад?

Собкалов: “Не, ман чизе гуфта наметавонам. Ин дар навбати аввал зиёни роҳи оҳан нест, ин зиёни соҳибкорони тоҷик, зиёни хоҷагии халқи тоҷик аст, ки маҷбур аст, борҳоро ибтидо ба марказ ва аз он ҷо ба ҷануб интиқол диҳад.”

Радиои Озодӣ: Хуб, дар чунин ҳол шумо ягон барномаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати берун рафт аз ин бунбастро таҳия кардаед?

Собкалов: “Ҳозир мо роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппаро сохта истодаем. Ҳоло дар порчаи Ваҳдат-Ёвон қарор дорем. Барои такмили ин порча сохтмони ду тунел зарур аст. Агар ҳамин порчаи 39 километра такмил шавад, маркази ҷумҳурӣ бо ҷануб пайваст хоҳад шуд. Феълан ҳадафи мо ҳамин аст.”

Радиои Озодӣ: То ҷое медонам, роҳи оҳани Узбакистон ҳам дар шимоли Тоҷикистон дар миёни стансияҳои Бекободу Истиқлол равуо дорад. Оё шумо ҳам ягон тасмими бозсозӣ ва ё ягон барномаи дигаре дар ин маврид ба нақша нагирифтаед?

Собкалов: “Мо ба ин ҳудуд худсарӣ намекунем. Дар он ҷо Қирғизистон ҳам аз ин роҳ истифода мебарад. Мо бояд фикри сокинони манотиқи ҷанубии Қирғизистонро ҳам кунем. Вилоятҳои Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон бо ҳамин роҳ таъмин мешаванд. Агар мо ин қисмати роҳро бандем, қирғизҳо низ муҷозот хоҳанд шуд. Кишваре, ки худро ҷиддӣ мешуморад, набояд ба чунин иқдомҳо даст занад.”