СПАД аз НАТО тақозои "ҷанг" бо ҳероинро кард

Сарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД, дар Остона мехоҳанд таваҷҷӯҳи НАТО-ро дар ҷанг бо ҳероин дар дохили Афғонистон ҷалб кунанд.
Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамоиши Шӯрои намояндагони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддир дар Остона, муовини аввали раиси Оҷонсӣ генерал Азизмаҳмад Азаматов ширкат кард.

Онҳо аз НАТО даъват кардаанд, ки бо имкони ҳузури амалии нерӯҳояш дар дохили Афғонистон метавонад бевосита бо гурӯҳҳои қочоқгар мубориза кунад ва киштзорҳои маводи мухаддирро маҳв набуда, лабараториҳои истеҳсоли ҳероин дар дохилро нобуд намояд.

Бо назардошти таҳдидҳои амниятии интиқоли маводи мухаддир, дар ҷаласаи Шӯро ба зарурияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни ҳамаи кишварҳои манфиатдор дар самти муқобилият бо таҳдиди маводи мухаддир таъкид шуд.

Генерал Б. С. Саркесов, мудири Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Оиёи Марказӣ, дар робита ба масъулияти НАТО ва кишварҳои узви СПАД дар мубориза бо истеҳсоли ҳероин дар Афғонистон гуфтааст, ҳамоҳангӣ миёни НАТО ва СПАД метавонад наҳваи муносиби тақсими вазифаҳо дар амри нобудсозии тавлиди ҳероин дар Афғонистонро ба миён орад.

НАТО метавонад анборҳои захираи маводи нашъадор, кишти кӯкнор ва дигар зироатҳои нашъадорро дар дохили Афғонистон аз байн барад ва кишварҳои узви СПАД аз ҳама воситаҳои мумкин истифода бурда садди роҳи қочоқи мухаддирот аз Афғонистон ба берун шаванд ва фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноии маводи мухаддирро пароканда кунанд.