Агар IP-ро ёфтанд, баъд чӣ?..

Додситонии кулли Тоҷикистон нишонаи IP ё Internet Protocol-и назарнависеро ҷустуҷӯ дорад ва барои ин ба «Азия-Плюс» муроҷиат кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон мехоҳад, барои расидагӣ ба шикояти шаҳрванде, ки гӯё дар номаи шарҳнависе ҳадафи таҳқир қарор ёфтааст, IP-и он номанависро пайдо кунад. Албатта, барои шаҳрванд, ки номаш ифшо нашудааст, шояд роҳи осонтар ин буд, ки ба додгоҳ шиква барад ва агар воқеан ба ӯ осеб расидааст, бо ҳукми додгоҳ IP-ии номанавис ошкор хоҳад гашт.

Ба воситаи IP метавон танҳо дастгоҳеро муайян кард, ки шарҳ аз он фиристода шудааст. Агар ин компютер ё ройона дар Интернет-кафе бошад, аз ҷустуҷӯ ва кашфи он чӣ муроде ҳосил мегардад? Бино бар пажӯҳишҳо дар як рӯз зиёда аз 80 000 нафар дар Тоҷикистон аз хидмати чунин қаҳвахонаҳо истифода мекунанд. Ифшои шумораҳои махсуси як компютер дар яке аз ин кафеҳо чӣ хоҳад дод? Агар нома аз ягон идора ё муассисаи давлатӣ, аз компютери дӯсту рафиқе сарчашма гирифта бошад, ифшои он ба маънии дарёфти муаллиф хоҳад буд? Аслан, чандон қобили фаҳм нест, ки додситонӣ дар сурати кашфи IP бо он чӣ хоҳад кард?

Аз сӯи дигар, ин нахустин қадами додситонҳо ба он сӯи дунёи маҷозист. Ҳар рӯз дар садҳо форум ҳазорон шарҳ нашр мешавад. Агар на дар ҳамаи онҳо одобу назокати сухан муроот шуда бошад ва агар ҳамаи онҳое, ки дар ин назарҳо ҳадафи танқид ва гоҳе ҳам таҳқир қарор гирифтаанд, ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат кунанд, як ҳаракати азими IP-ҷӯӣ оғоз намеёбад? Гумони боварбахш ин аст, ки муроҷиат аз тарафи шаҳрванди муқаррарӣ сурат нагирифтааст. Агар ӯ мансабдори давлат аст, бо донистани IP чӣ бурде хоҳад кард? Шояд шубҳа дорад, ки кадоме аз зердастони худи ӯ ин номаро навишта бошад? Он гоҳ чаро бояд Додситонии кулли Тоҷикистон дар хидмати як нафар бошад?

Нахустин қадами додситонҳо ба фаросӯи олами маҷозӣ аломат додан ба он ҳазорон нафарест, ки зери номҳои мустаор ва бидуни ҳароси ифшо шудани ҳувияташон чизеро, ки дилашон хоҳад, менависанд. Дар они воҳид аз яке пайғамбари охирзамон месозанду дигареро ба хоки сиёҳ мезананд. Гоҳо бо чунин “ҷасорат”-и худ ба ҷомеа ва инсонҳо осеб мерасонанд. Ҳамзамон “никнейм” ё тахаллуси интернетӣ ба баъзеҳо имкон медиҳад, иттилоеро ба диққати ҳазорон нафар расонанд, ки ба дарки воқеият ёрӣ мекунад ё ҷанбаъҳои ниҳони рӯйдодҳоеро рӯшан месозад.

Ин хабар шояд ҷомеаи интернетиро каме ҳушёр кунад, ки агар намехоҳанд, бо ному насаби ҳақиқии хеш ҳарф зананд, ҳадди ақал дар баёни андеша аз эҳтиёт, одоб ва ақли солим кор гиранд. Бигзор тавре рафтор кунанд, ки ҳеҷ кас ба ҷустуҷӯи IP-и онҳо набарояд. Ҳарчанд ин ҳам ҳақиқат аст, ки бо тағйир додани IP-и худ ва истифода аз IP-ҳои рамзӣ онҳо хоҳанд тавонист, ҳамчун "шаҳрвандони ҷаҳон", бе ному макони муайян ё суроғаҳои тасодуфие монанди Ҷазираҳои Кайман ё гӯшае аз Антарктида равишҳои феълии худро идома диҳанд. Чунин нишонаҳоро на танҳо Додситонии кулли Тоҷикистон, балки шояд Интерпол ҳам пайдо карда натавонад. Пас, бовар кунед, IP муҳим нест ва ҷустуҷӯи он роҳест ба сӯи иштибоҳ.

Аммо суоле ба шарҳнависон. Агар андешаи Шумо ҳақиқат аст, чаро майл надоред, ки ошкоро номи ҳақиқии худро бинависед? Магар ҷасорат ва ишқ ба ҳақиқат аз ин ҷо шурӯъ намешавад? Чӣ гуна мешавад, бе ҷасорат саодат хост?