Афзоиши тавлиди нафт дар Тоҷикистон

Тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон имсол афзуда, дар ду моҳ ба 4400 тонна расидааст. Бо ин ҳол, Тоҷикистон дар ин муддат 70 600 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 81 миллион доллар ворид кардааст. 80 дарсади бензину дизели мавриди ниёзашро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад.