Кулбаҳо бар паҳлӯи қасрҳо. Варзоб: кӣ хуб зиндагӣ мекунад?

Афзоиши таваҷҷӯҳи сарватмандони тоҷик ба мавзеи хушбоду ҳавои Варзоб ва қомат афрохтани қасру бӯстонсароҳои зебову бузурги мардуми доро, дар соҳили дарёи Варзоб, ба зиндагии одии мардуми таҳҷоии ин маҳал низ бетаъсир намондааст.
Бо тафовути зиёде имрӯз, ду табақаи мухталифу аз ҳар ҷиҳат аз ҳам дури кишвар - қишри дорову нодор дар ин мавзеъ паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекунанд. Яке дар хонаи хурду торик ва чандин сол таъмирнадидаи худ ва яке ҳам дар хонаи бузургу барҳавои чандошёнааш, ки он ҳам танҳо барои тобистонгузаронӣ бунёд шудааст.

Гуландом, як сокинони таҳҷоии деҳи Ғажнии ноҳияи Варзоб, дар миёни хонаҳои боҳашамату зебо дар як манзили оддиву назарногир ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, дар яке аз ин бӯстонсароҳои ҳамсоягии худ, ки моли як мансабдори маъруфи кишвар аст, ба ҳайси нигаҳбон ва хизматгор кор мекунад: «Нигоҳ мекунем, тоза мекунем хонаҳоро гул мешинонем. Хулоса ҳамин кору бори хонаҳояшонро ва албатта миннатдорӣ мекунанд. Кӯмак мекунанд ба мо.»

Воқеан, сокинони муқимии деҳоти Варзоб мегӯянд, пайдо шудани ҷойҳои муваққатии корӣ барои ба вижа ҷавонон як ҷанбаи хуби омадани сарватмандон ва бунёди истироҳатгоҳу хонаҳои тобистона дар ин мавзеъ мебошад. Сокинони бумӣ аз сӯйи ҳамсояҳои наву сарватманди худ ба сохтмон ва дигар корҳо ҷалб мешаванду бо ин роҳ муваққатан ҳам бошад метавонанд барои пешбурди зиндагӣ маблағ ба даст оранд.

Аммо аз сӯйи дигар ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, дар деҳаи Ғажнии ноҳияи Варзоб, деҳе, ки дар он бӯстонсароҳои ашхоси маъруфу болоии кишвар ҷой дорад, нобаробарии чашмраси иҷтимоӣ ва зиндагӣ дар ҳамсоягии чунин манзилҳои дакаданг ба рӯҳия махсусан ҷавонони он бетаъсир намондаву ин нобаробарӣ онҳоро баъзан нороҳату асабонӣ мекардааст. Ҳамчунин харида шудани заминҳои деҳ, ҷавононро аз майдончаҳои варзишиву мавзеъҳои фароғатиашон маҳрум сохтааст.

-"Надоранд, охир ҷои бозии футболу волейбол нест. Омада хариданд. Ҳама ҷо дача шуд. Бачаҳои ҷавону бекор ягон майдони варзишӣ надоранд. Куҷое наравӣ як соҳиб пайдо мешаваду пеш мекунад туро."

-“Албатта вақте як ҷавоне, ки дар хонаи монанд ба оғилхона зиндагӣ мекунаду дар рӯ ба рӯяш як нафари дигарро дар қасру мошинҳои гаронарзиш мебинад, ин албатта ба ӯ таъсир хоҳад кард. Ин нобаробариҳо онҳоро нороҳат мекунад.”

Мусоҳибони мо дар ин макони маъруфи сайру саёҳатӣ, ҳамчунин аз он гила мекарданд, ки зимистон ҳангоме ба хонаҳои онҳо барқ як соат интиқол дода мешуд, дар бӯстонсароҳое, ки қариб фасли сармо дар он касе зиндагӣ намекунад, барқ рӯшанӣ мекард ва ин як навъ хашми онҳоро ҳам меорад. Вале мусоҳибони мо мегӯянд, бо бойҳои ҳамсояашон ҳеч робита ва дӯстие надоранд. Соҳибони бӯстонсароҳо дунёи худашонро доранд ва мардуми муқимӣ саргарми кору зиндагии худанд.

-«Онҳо дар як ҳафта чанд маротиба меоянд, ё чанд моҳ инҷо мемонанд ва бо мо муносибате надоранд.»

-«Зиндагии мо аз онҳо фарқ дорад. Барои мисол он либосҳое, ки дар онҳо мебинем, мо масалан надорем, имкони пӯшидани чунин либосҳоро, вале ба ҳар ҳол барои ман шароити зиндагии худамон беҳтар аст. Дар мавзеи хушбоду ҳаво зиндагӣ дорем ва хушҳолем.»


Воқеан бо ин ҳама, сокинони таҳҷоии ин мавзеъ аз он хушбахтанд, ки дар чунин макони сайру сайёҳатӣ, мавзее, ки имрӯз на ҳама имкони истироҳат дар онро доранд, зиндагӣ мекунанд. Вале бархе аз сокинони деҳоти наздик ба истироҳатгоҳҳо ҳоло аз он нигаронанд, ки ҳамин хушбахтии онҳо низ то дер давом нахоҳад кард. Зеро ба гуфтаи онҳо эҳтимол манзилҳои зисте, ки дар паҳлӯи қасру қушкҳои сарватмандон ҷой гирифтаанд, тахриб ва сокинонаш ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад ва ин нуқта ҳам мисли Рублевкаи Руссия ба минтақаи сарватмандон ё элитаи кишвар табдил меёбад. Қаблан сокинони деҳи Пуғуз, деҳе ки дар он бӯстонсарои ҳукумати ҷойгир аст, аз хонаҳои худ кӯчонида шуда буданд.

Музафар Олимов, мудири маркази таҳлилии «Шарқ» мегӯяд, ҳоло ҳудуди 70 дарсади аҳолӣ дар ҳоли фақр ба сар мебаранд ва барои аксарият аламовар ин аст, ки ин макони сайру саёҳат ва истироҳатии маъруф, имрӯз аксаран ба мавзеи истироҳатии сарватмандону ашрофзодаҳо табдил ёфтааст.

«Медонед аз як ҷиҳат агар бубинем, мо ҳоло дар замони иқтисоди бозаргонӣ зиндагӣ дорем ва ба касе муяссар мешавад сарватҷамъкуниву ба каси дигар не ва мо ҳуқуқи гунаҳгор кардани касеро надорем. Аммо аз сӯи дигар аламовар он аст, ки ин макони аз қабл сайру сайёҳатӣ имрӯз танҳо ба як доираи маҳдуд дастрас гаштааст. Ҳоло барои дар Варзоб ягон ҷои истироҳатӣ ё замину хона гирифтан маблағи зиёд даркор, ки на ҳама ба он даст меёбад. Махсусан дар шароити иқтисодие, ки мо ҳоло дорем.”

Дар зимн, ба мавзеъи истироҳатии мардуми доро табдил ёфтану харида шудани ҳар пора замини Варзоб ба ҳадде вирди забонҳо шуда, ки танзнигорон низ онро ба риштаи ҳаҷв кашиданд. Мисли ин, ки дар як саҳначаи «Лаҳзаҳои гуворо» намоиш дода мешавад, як хонаводаи миёнаҳол ҳатто наметавонанд дар лаби дарёи Варзоб ва дар болои санге ҳам истироҳат бикунанд. Зеро ҳамон тавре дар ин намоиши ҳавҷӣ гуфта мешавад, ҳатто ин санги варзобӣ ҳам харида шудаасту соҳиб дорад.